1Бинед, ки Падар чӣ қадар моро дӯст доштааст, ки мо фарзандони Ӯ номида мешавем ва ҳам фарзандони Ӯ ҳастем. Сабабе, ки ҷаҳон моро намешиносад дар он аст, ки он Худоро нашинохт.
2Азизон, мо ҳоло фарзандони Худо ҳастем ва ҳанӯз намоён нашудааст, ки мо чӣ гуна мешавем. Лекин ҳаминро медонем, ки ҳангоми зоҳир шудани Масеҳ мисли Ӯ хоҳем шуд, чунки Ӯро ҳамон тавре ки ҳаст, хоҳем дид.
3Инак, ҳар кӣ ба Ӯ умед мебандад, худро пок нигоҳ медорад, чуноне ки Масеҳ пок аст.
4Ҳар кӣ дар гуноҳ зиндагӣ мекунад. қонуншикан аст. Аслан худи гуноҳ беқонунӣ аст.
5Шумо ҳам медонед, ки Масеҳ барои аз байн бардоштани гуноҳҳои мо зоҳир шуд. Шумо инчунин медонед, ки Ӯ комилан бегуноҳ аст.
6Пас, ҳар кӣ дар Ӯ зиндагӣ мекунад, гуноҳ карданро давом намедиҳад. Ҳар кӣ гуноҳ карданро давом медиҳад, Масеҳро на дидааст ва на шинохтааст.
7Фарзандони азиз, нагузоред, ки касе шуморо гумроҳ созад. Ҳамаи онҳое, ки кори дуруст мекунанд, дурусткор ҳастанд, айнан мисли Масеҳ, ки дурусткор аст.
8Аммо ҳамоне, ки гуноҳ карданро давом медиҳад, аз иблис аст, зеро иблис аз ибтидо гуноҳ карда меояд. Сабаби зоҳир шудани Писари Худо низ дар ҳамин буд, ки корҳои иблисро нобуд созад.
9Ҳар касе, ки Худо барояш таваллуди нав бахшидааст, гуноҳ карданро давом намедиҳад, зеро дар дохилаш табиати Худо мебошад. Инчунин вай наметавонад, ки зиндагии гуноҳкоронаро давом диҳад, чунки таваллуди нав аз Худо гирифтааст.
10Кӣ фарзанди Худо ва кӣ фарзанди иблис буданаш ин тавр маълум мегардад: ҳар кӣ чизи дурустро иҷро намекунад ва ҳамчунин бародари худро дӯст намедорад, фарзанди Худо намебошад.
11Зеро пайғоме, ки шумо аз аввал шунида будед, ин аст, ки мо бояд якдигарро дӯст дошта бошем.
12Мисли Қобил набошем, ки зердасти Шахси Бад буда, бародари худро кушт. Аз чӣ сабаб бародарашро кушт? Чунки корҳои ӯ баду корҳои бародараш дуруст буданд.
13Бинобар ин, эй бародаронам, агар одамони ҷаҳон аз шумо нафрат кунанд, ҳайрон нашавед.
14Азбаски бародарони худро дӯст медорем, мо медонем, ки аз марг ба ҳаёт гузаштем. Ҳар кӣ бародари худро дӯст намедорад, ҳанӯз ҳам зери дасти марг аст.
15Ҳар кӣ бародари худро бад мебинад, одамкуш аст. Шумо бошед, медонед, ки дар даруни ҳеҷ як одамкуш ҳаёти абадӣ нест.
16Чӣ будани муҳаббатро мо дар Исои Масеҳ мебинем, ки Ӯ ҷони худро барои мо фидо кард. Мо низ бояд худро барои бародарони худ фидо кунем.
17Агар касе молу мулк дошта бошаду бинад, ки бародараш мӯҳтоҷӣ дорад, вале нисбати ӯ сангдил монад, магар муҳаббати Худо дар дили вай ҳаст?
18Фарзандони азиз, биёед мо на бо забону сухан, балки дар амал ва ростӣ муҳаббатро нишон диҳем.
19Агар ҳамин тавр кунем, медонем, ки мо аз они ростӣ ҳастем ва агарчи виҷдонамон моро азоб диҳад ҳам, дар ҳузури Худо диламон ором мебошад, зеро Худо аз виҷдони мо бузургтар аст ва аз ҳама чиз огоҳ мебошад.
21Дӯстони азиз, агар виҷдонамон моро азоб надиҳад, пас дар пеши Худо сарамонро бардошта меистем ва
22азбаски ба фармонҳои Ӯ итоат мекунем ва кори писандидаи Ӯро иҷро менамоем, ҳар чӣ хоҳиш кунем, аз Ӯ мегирем.
23Фармони Ӯ ин аст, ки ба Писараш Исои Масеҳ бовар кунем ва аз рӯи фармони Ӯ якдигарро дӯст дошта бошем.
24Касоне, ки ба ин фармон итоат мекунанд, дар Ӯ зиндагӣ мекунанд ва Ӯ дар дохили онҳо зиндагӣ мекунад. Аз куҷо мо мефаҳмем, ки Ӯ дар дохили мо зиндагӣ мекунад? Аз Рӯҳи Муқаддас мефаҳмем, ки Ӯ ба мо додааст.