Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Луқо - Луқо 5

Луқо 5:4-38

Help us?
Click on verse(s) to share them!
4Дар охири суханаш Ӯ ба Шимъӯн гуфт: «Қаиқро ба мобайни кӯл бирон ва барои сайд тӯрҳоятонро ба об андозед».
5Шимъӯн ҷавоб дод: «Устод! Мо тамоми шаб заҳмат кашидем ва чизе сайд накардем, вале азбаски шумо мефармоед, ҳоло тӯрро ба об меандозем».
6Вақте ин корро карданд, он қадар моҳӣ сайд шуд, ки қариб буд тӯрҳояшон канда шаванд.
7Пас, Шимъӯн ва рафиқонаш ба шарикони худ, ки дар қаиқи дигар буданд, ишорае карданд, то ба ёриашон биёянд. Онҳо омада, ҳар ду қаиқро то дараҷае аз моҳӣ пур карданд, ки қариб ғарқ мешуданд.
8Шимъӯни Петрус ин ҳолатро дида, пеши пойҳои Исо афтода гуфт: «Худовандо! Аз пеши ман бирав, чунки ман одами гунаҳкор ҳастам».
9Ӯ инро барои он гуфт, ки худаш ва ҳамроҳонаш аз сайди бешумори ба дастовардаашон ба ҳайрат афтода буданд.
10Ёқубу Юҳанно низ, ки писарони Забдой ва шарикони Шимъӯн буданд, ҳайрон шуданд. Вале Исо ба Шимъӯн гуфт: «Натарс, баъд аз ин одамонро монанди моҳӣ ҷамъ хоҳӣ кард».
11Сипас моҳигирон қаиқҳоро ба соҳил бароварданд ва ҳамаи корҳояшонро як сӯ гузошта, Исоро пайравӣ карданд.
12Исо дар шаҳре буд, ки дар он ҷо марди гирифтори касалии махав буд. Он махав Исоро дида, сар ба пои Ӯ ниҳоду илтимос кард: «Худовандо, агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок созӣ».
13Исо дасташро ба ӯ расонда гуфт: «Албатта, мехоҳам, пок шав!» ва касалии махав нест шуд.
14Баъд Исо ба ӯ таъкид карда гуфт: «Дар бораи ин воқеа ба касе нагӯй, балки рост назди рӯҳонӣ рафта, худро нишон деҳ ва барои пок шудани худ, ҳамон тавре ки Мӯсо фармудааст, қурбонӣ бикун, то ба мардум шаҳодате гардад».
15Аммо ба ин нигоҳ накарда, овозаи Ӯ торафт паҳн мешуд. Барои шифо ёфтан аз бемориҳо ва шунидани сухани Ӯ шумораи зиёди мардум дар атрофи Исо ҷамъ меомаданд.
16Исо бошад, барои дуо кардан ба ҷои хилват мерафт.
17Рӯзе Исо машғули таълим буд. Фарисиён ва шариатдононе, ки аз тамоми деҳоти Ҷалил, аз Яҳудия ва аз Ерусалим омада буданд, дар назди Ӯ нишастанд. Қудрати Худованд барои шифо додан бо Исо буд.
18Ҳамин вақт чанд нафаре марди шалеро бо ҷойгаҳаш бардошта оварданд. Онҳо кӯшиш мекарданд, ки ӯро ба даруни хона дароварда, дар пеши Исо гузоранд,
19вале аз сабаби бисёр будани мардум барои даровардани ӯ роҳе наёфтанд. Бинобар ин ба болои хона баромада, аз миёни сафолҳои бом шалро бо ҷойгаҳаш ба даруни хона, ба миёни мардум, пеши Исо фароварданд.
20Исо имони онҳоро дида, ба он шал гуфт: «Дӯстам! Гуноҳҳоят бахшида шуданд».
21Вале шариатдонону фарисиён ба якдигар мегуфтанд: «Ин кист, ки суханони кофирона мегӯяд? Ғайр аз Худо кӣ гуноҳҳоро бахшида метавонад?»
22Исо бошад, аз фикри онҳо дарак ёфта ҷавоб дод: «Чаро дар дилҳоятон чунин фикрҳо доред?
23Кадомаш осонтар аст: гуфтани он, ки „гуноҳҳои ту бахшида шуданд“ ё гуфтани он, ки „бархез ва роҳ гард“?
24Пас, Ман ба шумо исбот мекунам, ки Фарзанди Инсон дар рӯи замин қудрати бахшидани гуноҳҳоро дорад». Сипас ба шал нигариста гуфт: «Ба ту мегӯям, бархез, ҷойгаҳатро бардошта ба хонаат рав».
25Он мард дар пеши ҳама дарҳол аз ҷояш бархест ва ҷойгаҳашро, ки дар рӯи он хобида буд, бардошта, Худоро шукргӯён ба хонааш равона шуд.
26Ҳама ба ҳайрат афтода, Худоро ситоиш мекарданд ва дар ҳолате, ки пур аз тарсу ҳарос буданд, мегуфтанд: «Имрӯз чизҳои аҷоибро дидем».
27Баъд аз ин Исо берун рафт ва Левӣ ном андозгиреро дид, ки дар ҷои кораш нишаста буд. Исо ба вай гуфт: «Биё, пайрави Ман шав».
28Левӣ бархест ва ҳама чизашро монда, аз паси Ӯ равона шуд.
29Левӣ дар хонаи худ барои Исо зиёфати калон орост. Шумораи зиёди андозгирон ва одамони дигар ҳамроҳашон дар гирди як дастархон менишастанд.
30Фарисиён ва шариатдонон ба шогирдони Исо шикоят карда мегуфтанд: «Чаро шумо ҳамроҳи андозгирону гунаҳкорон аз як дастархон мехӯреду менӯшед?»
31Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ба табиб на одамони солим, балки беморон мӯҳтоҷанд.
32Ман ҳам барои он омадаам, ки на накӯкорон, балки гунаҳкоронро ба тавба даъват намоям».
33Ба Исо гуфтанд: «Чаро шогирдони Яҳё зуд-зуд рӯза мегиранду дуо мехонанд, шогирдони фарисиён низ чунин мекунанд, вале шогирдони Шумо мехӯранд ва менӯшанд?»
34Исо ба онҳо гуфт: «Оё метавонед дӯстони домодро, модоме ки ӯ бо онҳост, маҷбур созед, ки рӯза бигиранд?
35Вале вақте мерасад, ки домод аз байнашон гирифта мешавад ва он гоҳ онҳо низ рӯза мегиранд».
36Баъд ба онҳо ин масалро гуфт: «Ҳеҷ кас аз ҷомаи нав пораеро канда, ҷомаи кӯҳнаро ямоқ намекунад, чунки ҳам ҷомаи нав ҳайф мешавад ва ҳам ямоқи нав ба ҷомаи кӯҳна мувофиқ намеояд.
37Ҳамчунин ҳеҷ кас шароби навтайёршударо ба машки чармини кӯҳна намерезад, чунки шароб меҷӯшаду машкро дарронда, ҳам худ мерезад ва ҳам машк бекора мешавад.
38Пас, шароби нав бояд ба машки нав рехта шавад.

Read Луқо 5Луқо 5
Compare Луқо 5:4-38Луқо 5:4-38