34Онҳо ҷавоб доданд: «Вай ба Худованд лозим аст».
35Пас онҳо харкурраро ба назди Исо оварда, ба болояш ҷомаҳои худро партофтанду Исоро ба он савор карданд.
36Исо савора мерафту мардум ҷомаҳояшонро дар сари роҳи Вай пойандоз мекарданд.
37Вақте Исо ба роҳе наздик шуд, ки он аз болои теппаи Зайтун ба поён мебурд, тамоми гурӯҳи шогирдонаш барои ҳамаи мӯъҷизаҳое, ки дида буданд, шодикунон бо овози баланд Худоро ҳамду сано хонда
38мегуфтанд: «Баракат ёбад шоҳе, ки аз номи Худованд меояд! Сулҳ дар осмон ва шӯҳрату ҷалол ба Худо дар осмон!»
39Баъзе фарисиён аз байни мардум ба Исо гуфтанд: «Эй устод, шогирдонатро ором кун!»
40Вай ҷавоб дод: «Бовар кунед, агар онҳо хомӯш шаванд, сангҳо дод мезананд».
41Вақте ки онҳо наздиктар омаданд, Исо шаҳрро дида, дилаш ба ҳоли он сӯхта гиря карду гуфт:
42«Оҳ, кошки ақаллан ҳамин рӯз роҳеро, ки туро ба осоиштагӣ мебарад, медидӣ! Вале ҳоло он роҳ аз чашмони ту ниҳон аст.
43Аз барои он ки ту ба наздат омадани Худовандро нафаҳмидӣ, ба сарат рӯзҳои сахт хоҳанд омад. Душманонат туро бо хоктӯдаҳо иҳота карда, муҳосира хоҳанд намуд. Онҳо аз ҳар тараф фишор оварда, туву сокинонатро ба хок яксон хоҳанд кард ва аз ту санг бар санге нахоҳад монд».