Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Луқо - Луқо 2

Луқо 2:10-27

Help us?
Click on verse(s) to share them!
10Аммо фаришта ба онҳо гуфт: «Натарсед, ман ба шумо хушхабареро овардаам, ки аз шунидани он тамоми мардум беҳад шод мегарданд.
11Зеро имрӯз барои шумо дар шаҳри шоҳ Довуд Наҷотдиҳандае ба дунё омад, ки Ӯ Таъиншудаи Худо ва Худованд аст.
12Ба шумо ҳамин нишона мешавад, ки тифли парпечшударо дар охур хобида меёбед».
13Ногаҳон бо он фаришта дар осмон ҳазор-ҳазор фариштаҳои дигар пайдо шуданд, ки Худоро ҳамду сано хонда, мегуфтанд:
14«Бигзор номи Худо дар осмонҳо шӯҳрату ҷалол ёбад ва дар байни онҳое, ки дар рӯи замин писандидаи Ӯ ҳастанд, сулҳу осоиштагӣ бошад!»
15Баъд фариштагон аз назди онҳо дур шуда, дар осмон нопадид гаштанд ва чӯпонҳо ба якдигар мегуфтанд: «Биёед, ба Байт-Лаҳм биравем ва он ҳодисаҳои рӯйдодаро, ки Худованд ба мо гуфт, бубинем».
16Пас бошитоб рафта, Маряму Юсуф ва он кӯдакро, ки дар охур хобида буд, ёфтанд.
17Вақте ки кӯдакро диданд, ҳар он чизеро, ки дар борааш шунида буданд, ба ҳама нақл карданд.
18Ҳамаи шунавандагон аз нақли чӯпонҳо ҳайрон шуданд.
19Вале Марям чизи шунидаашро дар дили худ нигоҳ дошта, дар борааш фикру мулоҳизаҳои зиёде мекард.
20Чӯпонҳо баргашта, барои чизҳои шунидаву дидаашон Худоро ситоиш намуда, ба Ӯ ҳамду сано мехонданд, зеро ҳамаи он чизе, ки ба онҳо гуфта шуда буд, иҷро шуд.
21Баъд аз ҳашт рӯз вақти хатнаи кӯдак фаро расид ва Ӯро Исо номиданд. Ба Ӯ ҳамон номеро гузоштанд, ки фаришта ҳанӯз пеш аз дар шикам пайдо шудани Ӯ гуфта буд.
22Ҳамин ки вақти покшавии онҳо фаро расид, Юсуфу Марям мувофиқи шариати Мӯсо кӯдакро ба Ерусалим оварданд, то ки ба Худованд пешкаш намоянд.
23Чунон ки дар шариати Худованд навишта шудааст: «Ҳар писари аввалин бояд ба Худо бахшида шавад»
24ва аз рӯи қонун падару модари кӯдак бояд ҳатман як ҷуфт мусича ва ё ду чӯҷаи кабӯтарро қурбонӣ кунанд.
25Дар Ерусалим Шимъӯн ном марде зиндагӣ мекард, ки худотарсу накӯкор буд. Вай вақти тасаллӣ ёфтани халқи Исроилро интизор буд. Рӯҳи Муқаддас бо Шимъӯн буд
26ва аз он Рӯҳ бар ӯ маълум шуд, ки то Шимъӯн Таъиншудаи Худованд, яъне Масеҳро набинад, намемирад.
27Он Рӯҳ ба Шимъӯн илҳом бахшид ва ӯ ба Хонаи Худо рафт. Худи ҳамон рӯз падару модари Исо ҳам кӯдакро барои иҷро намудани маросими шариат ба он ҷо оварданд.

Read Луқо 2Луқо 2
Compare Луқо 2:10-27Луқо 2:10-27