Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Юҳанно - Юҳанно 2

Юҳанно 2:3-8

Help us?
Click on verse(s) to share them!
3Вақте ки шароб тамом шуд, модари Исо ба Вай гуфт: «Инҳо шароб надоранд».
4«Ин ба мо чӣ дахл дорад, модар! — ҷавоб дод ба ӯ Исо. — Вақту соати Ман ҳанӯз нарасидааст».
5Модари Ӯ ба хизматгорон гуфт: «Ҳар чӣ Вай ба шумо бигӯяд, бикунед».
6Дар он ҷо шаш кӯзаи сангин барои об буд, ки аз рӯи урфу одати яҳудиён онро барои расму таомули покшавӣ истифода мебурданд. Ҳар кадоми онҳо аз ҳафтод то яксаду даҳ литр ғунҷоиш дошт.
7Исо ба хизматгорон гуфт: «Кӯзаҳоро аз об пур кунед». Хизматгорон онҳоро лабрез карданд.
8«Акнун аз он гирифта, ба роҳбари тӯй баред», — гуфт ба онҳо Исо. Онҳо бурданд.

Read Юҳанно 2Юҳанно 2
Compare Юҳанно 2:3-8Юҳанно 2:3-8