2Шимъӯни Петрус, Тумо, ки боз Дугоник номида мешуд, Натаноил, ки аз аҳли Қанои Ҷалил буд, ду писари Забдой ва ду шогирди дигари Ӯ — ҳама дар як ҷо ҷамъ омада буданд.
3Шимъӯни Петрус ба онҳо гуфт: «Ман рафта, моҳӣ сайд мекунам». «Мо ҳам ҳамроҳи ту меравем», — гуфтанд дигарон. Онҳо рафта ба қаиқ савор шуданд, аммо он шаб чизе сайд накарданд.
4Вақти баромади офтоб Исо дар соҳил истода буд. Аммо шогирдон нафаҳмиданд, ки ин Исо аст.
5Исо аз онҳо пурсид: «Эй бародарон, ягон моҳӣ сайд кардед?» «Не», — ҷавоб доданд онҳо.
6Вай ба онҳо гуфт: «Тӯрро аз тарафи рости қаиқ партоед ва моҳӣ медоред». Онҳо тӯр партофтанду аз сабаби зиёд будани моҳӣ онро ба қаиқ кашида натавонистанд.
7Он шогирде, ки Исо ӯро дӯст медошт, ба Петрус «Ин Худованд аст!» гуфт. Вақте Шимъӯни Петрус шунид, ки ин Худованд аст, либосашро пӯшиду (чунки либосашро кашида буд) худро ба об партофт.