2 Шимъӯни Петрус, Тумо, ки боз Дугоник номида мешуд, Натаноил, ки аз аҳли Қанои Ҷалил буд, ду писари Забдой ва ду шогирди дигари Ӯ — ҳама дар як ҷо ҷамъ омада буданд.
3 Шимъӯни Петрус ба онҳо гуфт: «Ман рафта, моҳӣ сайд мекунам». «Мо ҳам ҳамроҳи ту меравем», — гуфтанд дигарон. Онҳо рафта ба қаиқ савор шуданд, аммо он шаб чизе сайд накарданд.
4 Вақти баромади офтоб Исо дар соҳил истода буд. Аммо шогирдон нафаҳмиданд, ки ин Исо аст.
5 Исо аз онҳо пурсид: «Эй бародарон, ягон моҳӣ сайд кардед?» «Не», — ҷавоб доданд онҳо.
6 Вай ба онҳо гуфт: «Тӯрро аз тарафи рости қаиқ партоед ва моҳӣ медоред». Онҳо тӯр партофтанду аз сабаби зиёд будани моҳӣ онро ба қаиқ кашида натавонистанд.
7 Он шогирде, ки Исо ӯро дӯст медошт, ба Петрус «Ин Худованд аст!» гуфт. Вақте Шимъӯни Петрус шунид, ки ин Худованд аст, либосашро пӯшиду (чунки либосашро кашида буд) худро ба об партофт.