Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Марқӯс - Марқӯс 5

Марқӯс 5:9-40

Help us?
Click on verse(s) to share them!
9Исо аз ӯ пурсид: «Номат чист?» Ӯ ҷавоб дод: «Номам Лашкар аст, чунки мо бисёрем».
10Вай аз Исо зорию тавалло кард, ки онҳоро аз он маҳалла берун накунад.
11Ҳамин вақт як галаи калони хукон дар болои теппае мечарид.
12Рӯҳҳои нопок аз Исо хоҳиш карда гуфтанд: «Моро ба мобайни хукҳо фирист ва иҷозат деҳ, ки ба онҳо дохил шавем».
13Исо ба онҳо иҷозат дод. Он гоҳ рӯҳҳои нопок аз он мард берун баромада, дохили хукҳо шуданд. Тамоми галаи хукон, ки тақрибан ду ҳазор сар буд, аз баландӣ ҷаста худро ба кӯл партофта ғарқ шуданд.
14Хукбонҳо бошанд, ба шаҳру деҳоти атроф гурехта, дар ҳама ҷо ин ҳодисаро ба мардум нақл карданд. Мардум берун баромаданд, то бубинанд, ки чӣ ҳодиса рӯй додааст.
15Пас онҳо дар гирди Исо ҷамъ омада, диданд, ки ҳамон девонае, ки гирифтори лашкари девҳо буд, акнун дар тан либос дораду бо ақли солим нишастааст ва хеле тарсиданд.
16Шоҳидони ин воқеа, ҳодисаи бо девонаву хукҳо рӯйдодаро нақл мекарданд.
17Он гоҳ мардум аз Исо хоҳиш карданд, ки аз сарзаминашон биравад.
18Ҳангоме ки Исо ба қаиқ савор мешуд, марде, ки пештар гирифтори девҳо буд, аз Вай илтимос кард, ки ӯро ҳам бо худ бубарад.
19Аммо Исо хоҳиши ӯро рад карда гуфт: «Ба хонаат баргард ва ба хешу таборат нақл кун, ки Худованд дар ҳаққи ту чӣ кор ва чӣ ғамхории бузурге кард».
20Ӯ низ равона шуд ва дар тамоми гӯшаву канори Даҳ Шаҳр ба ҳама эълон карда мегуфт, ки Исо барояш чӣ кори бузурге кардааст ва ҳама аз шунидани ин дар ҳайрат мемонданд.
21Исо ба қаиқ савор шуда, ба тарафи дигари кӯл рафт. Вақте ки ба соҳил расид, мардуми зиёде назди Ӯ ҷамъ омаданд.
22Дар ҳамин вақт марде бо номи Ёир, ки яке аз сардорони ибодатхонаи он шаҳр буд, омада Исоро дидан замон, худро пеши пойҳои Ӯ партофт.
23Ӯ зорикунон гуфт: «Духтарам дар дами марг аст. Аз Шумо хоҳиш мекунам, ки биёед ва дастатонро бар ӯ бигузоред, то шифо ёбаду зинда монад».
24Исо бо ӯ ба роҳ даромад ва аз паси онҳо мардуми бешуморе ҳам равона шуданд, ки аз ҳар тараф Исоро фишор медоданд.
25Дар он ҷо як зане буд, ки дувоздаҳ сол боз касалии хунравӣ дошт.
26Ҳарчанд вай аз муолиҷаи табибони зиёд дард кашида, тамоми дороияшро сарф карда буд, саломатиаш хуб намешуд. Баръакс, аҳволаш торафт бадтар мешуд.
27Вақте ки ӯ дар бораи Исо шунид, аз дилаш гузаронд: «Агар ақаллан ба либосаш даст расонам, шифо меёбам». Барои ҳамин он зан аз байни тӯдаи одамон гузашта, аз ақиб ба Исо наздик шуду ба ҷомааш даст расонд.
29Худи ҳамон лаҳза хунравиаш бозмонд ва ӯ ҳис кард, ки шифо ёфтааст.
30Ҳамон лаҳза Исо низ ҳис кард, ки аз Ӯ қуввае берун рафт ва ба мардуми гирду атрофаш нигоҳ карда пурсид: «Кӣ ба ҷомаам даст расонд?»
31Шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «Мебинед, ки ба Шумо аз ҳар тараф фишор меоранд ва боз мепурсед, ки ба Шумо кӣ даст расонд?»
32Вале Исо ба атрофиён нигоҳ мекард, то касеро, ки ба ҷомааш даст расонда буд, пайдо кунад.
33Зане, ки аз шифоёбиаш огоҳ буд, ҷуръат карда, тарсону ларзон ба Исо наздик омад ва худро пеши пойҳои Ӯ партофта, ҳақиқати ҳолро нақл кард.
34Исо ба ӯ гуфт: «Эй зан, туро имонат шифо дод! Рав ва дар амон бошу саломат гард!»
35Ҳанӯз ки Ӯ гап мезад, чанд нафар аз хонаи Ёир хабар оварда, гуфтанд: «Духтаратон гузашт. Ба заҳмат додани устод дигар ҳоҷате нест».
36Исо инро шунида, ба сардори ибодатхона гуфт: «Натарс! Фақат имон дошта бош».
37Инро гуфт ва ба ғайр аз Петрус, Ёқуб ва бародари ӯ Юҳанно ба дигарон иҷозат надод, ки ҳамроҳаш бираванд.
38Вақте ба хонаи Ёир расиданд, диданд, ки одамони зиёде бо шӯру ғавғо гиряву нола мекарданд.
39Исо ба хона даромада ба онҳо гуфт: «Чаро шӯру ғавғо бардошта, гиря мекунед? Духтар намурдааст, фақат хобидааст».
40Бо шунидани ин суханон мардум ба ҳолаш хандиданд. Вале Исо ҳамаро берун карда, бо падару модари духтар ва ҳамроҳонаш ба хонае, ки духтар хобида буд, даромад.

Read Марқӯс 5Марқӯс 5
Compare Марқӯс 5:9-40Марқӯс 5:9-40