5Вале онҳо дар гапи худ истода мегуфтанд: «Ӯ бо таълимоташ тамоми мардуми Яҳудияро ба шӯр меандозад. Аз Ҷалил сар карда то ин ҷо омад».
6Пилотус инро шунида пурсид: «Ин одам аз Ҷалил аст?»
7Ва чун фаҳмид, ки Исо аз вилояти дар зердасти Ҳиродус будааст, Ӯро ба назди Ҳиродус фиристод. Худи Ҳиродус ҳамон вақт дар Ерусалим буд.
8Ҳиродус Исоро дида, бисёр хурсанд шуд, зеро кайҳо боз Ӯро дидан мехост ва азбаски дар борааш бисёр чизҳоро шунида буд, умед дошт, ки ягон мӯъҷизаи Исоро мебинад.
9Вай ба Исо саволҳои бисёре дод, вале Ӯ дар ҷавоб ҳеҷ чиз нагуфт.
10Сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон бошанд, дар ҷои худ истода бо шиддати хашму ғазаб Ӯро айбдор менамуданд.
11Ҳиродус бо сарбозонаш Исоро таҳқир ва масхара кард. Баъд ба Ӯ ҷомаи шоҳона пӯшонда, боз ба назди Пилотус фиристод.
12Гарчанде пештар Ҳиродус ва Пилотус бо якдигар душман буданд, аз ҳамон рӯз сар карда бо ҳам дӯст шуданд.
13Пилотус сардорони рӯҳонӣ, роҳбарон ва мардумро даъват карда,
14ба онҳо гуфт: «Шумо ин одамро ҳамчун вайронкунандаи халқ ба назди ман овардед. Ман дар ҳузури шумо ба Вай савол дода фаҳмидам, ки ин одам дар ягон ҷинояте, ки шумо Ӯро гунаҳкор мекунед, айбдор нест.
15Ҳиродус ҳам дар Ӯ ягон айбе наёфта, Ӯро боз ба назди мо фиристод. Пас ин одам ҳеҷ коре накардааст, ки сазовори марг бошад.
16Ман фармон медиҳам, ки Ӯро қамчинкорӣ карда, баъд ҷавоб диҳанд».
18Ҳамин вақт ҳама бо як овоз дод заданд: «Қатл кунед Ӯро! Барои мо Бараббосро озод кунед!»
19(Бараббос одаме буд, ки аз барои бардоштани шӯриш дар шаҳр ва одамкушӣ ба ҳабс партофта шуда буд.)
20Пилотус, ки Исоро озод кардан мехост, боз ба онҳо сухан гуфт.
21Вале онҳо дод мезаданд: «Ӯро ба салиб мехкӯб кунед! Мехкӯб кунед!»
22Пилотус бори сеюм ҳам ба онҳо гуфт: «Чаро? Охир Вай чӣ бадие кардааст? Ман дар Ӯ ҳеҷ айберо намебинам, ки сазовори марг бошад. Ман Ӯро қамчинкорӣ карда ҷавоб медиҳам».
23Вале онҳо ду пойро ба як мӯза андохта, бо тамоми овоз дод мезаданду талаб мекарданд, ки Исо дар салиб мехкӯб карда шавад. Доду фарёди онҳо бар Пилотус ғалаба намуд
24ва ӯ ҳамон ҳукмеро баровард, ки онҳо талаб мекарданд.
25Мувофиқи хоҳиши онҳо вай шахсеро, ки барои шӯриш ва одамкушӣ ба ҳабс партофта шуда буд, озод намуд. Исоро бошад, ба ихтиёри онҳо супорид.
26Вақте ки сарбозон Исоро ба қатл мебурданд, бо Шимъӯн ном марди қуринӣ дучор шуданд, ки аз деҳа омада истода буд. Онҳо ӯро дастгир карда ба болояш салибро бор карданд, ки онро аз ақиби Исо бардошта барад.
27Аз ақиби Исо одамони бешуморе мерафтанд ва дар байни онҳо заноне буданд, ки барои Ӯ бо оҳу нола навҳа мекарданд.
28Исо ба онҳо рӯ оварда гуфт: «Эй занҳои Ерусалим, ба ҳоли Ман гиря накунед! Ба ҳоли худ ва фарзандонатон гиря кунед.
29Зеро рӯзҳое меоянд, ки одамон чунин мегӯянд: „Хушбахтанд занҳое, ки нозой ҳастанд, таваллуд накардаанд ва фарзанд намакондаанд“.
30Он вақт ба кӯҳҳо хоҳанд гуфт: „Ба сари мо биафтед!“ ва ба теппаҳо хоҳанд гуфт: „Моро пинҳон кунед!“