19Шариатдонону сардорони рӯҳонӣ фаҳмиданд, ки ин масал бар зидди онҳо равона шуда буд ва хостанд ҳамон замон Исоро дастгир кунанд, вале аз мардум метарсиданд.
20Онҳо якчанд нафарро барои аз пайи Исо поидан фиристоданд, то ки худро ростқавл нишон дода, Ӯро бо сухан ба дом афтонанду барои ҳукм шудан ба дасти ҳокими румӣ супоранд.
21Онҳо аз Исо пурсиданд: «Устод! Мо медонем, ки суханону таълимоти Шумо аз рӯи ҳақиқат аст. Медонем, ки нисбати ҳеҷ кас рӯйбинӣ надоред ва роҳҳои Худоро аз рӯи ҳақиқат таълим медиҳед.
22Бигӯед, оё раво аст, ки мо ба императори Рум андозу хироҷ супорем ё не?»
23Ӯ аз макри онҳо пай бурда, ба онҳо гуфт:
24«Ба Ман динореро нишон диҳед. Дар он акс ва номи кӣ аст?» «Император», — ҷавоб доданд онҳо.
25Исо ба онҳо гуфт: «Пас, он чӣ аз они император аст, бояд ба император баргардонда шавад ва он чӣ аз они Худост, ба Худо».
26Онҳо натавонистанд Исоро пеши мардум бо сухан ба дом афтонанд ва аз ҷавоби Ӯ ба ҳайрат афтода, хомӯш шуданд.
27Чанд нафар аз саддуқиён (онҳо аз нав зиндашавиро инкор мекарданд) ба пеши Исо омаданду
28ба Вай чунин савол доданд: «Устод, Мӯсо дар қонун ба мо навиштааст, ки агар бародари касе фарзанд наёфта бимирад, бигзор вай зани ӯро ба никоҳи худ дарорад ва фарзандони ба дунё омадаро ҳамчун насли бародари марҳумаш бидонад.
29Инак, ҳафт бародар буданд. Бародари калонӣ зан гирифту фарзанде ба дунё наоварда мурд.
30Бародари дуюм, сеюм ва ҳамин тавр ҳамаи ҳафт бародарон ӯро ба занӣ мегирифтанд, вале ҳеҷ яке аз онҳо фарзанде ба дунё наоварда мурданд.
32Оқибат зан ҳам аз дунё чашм пӯшид.
33Пас, рӯзе, ки мурдаҳо аз нав зинда мешаванд, вай зани кадоме аз онҳо мешавад? Охир ҳамаи ҳафт бародарон ӯро ба занӣ гирифта буданд!»
34Исо ҷавоб дод: «Одамони ин олам зан мегиранд ва ба шавҳар мебароянд.