Text copied!
Bibles in Tajik

Луқо 20:19-34 in Tajik

Help us?

Луқо 20:19-34 in Хушхабар

19 Шариатдонону сардорони рӯҳонӣ фаҳмиданд, ки ин масал бар зидди онҳо равона шуда буд ва хостанд ҳамон замон Исоро дастгир кунанд, вале аз мардум метарсиданд.
20 Онҳо якчанд нафарро барои аз пайи Исо поидан фиристоданд, то ки худро ростқавл нишон дода, Ӯро бо сухан ба дом афтонанду барои ҳукм шудан ба дасти ҳокими румӣ супоранд.
21 Онҳо аз Исо пурсиданд: «Устод! Мо медонем, ки суханону таълимоти Шумо аз рӯи ҳақиқат аст. Медонем, ки нисбати ҳеҷ кас рӯйбинӣ надоред ва роҳҳои Худоро аз рӯи ҳақиқат таълим медиҳед.
22 Бигӯед, оё раво аст, ки мо ба императори Рум андозу хироҷ супорем ё не?»
23 Ӯ аз макри онҳо пай бурда, ба онҳо гуфт:
24 «Ба Ман динореро нишон диҳед. Дар он акс ва номи кӣ аст?» «Император», — ҷавоб доданд онҳо.
25 Исо ба онҳо гуфт: «Пас, он чӣ аз они император аст, бояд ба император баргардонда шавад ва он чӣ аз они Худост, ба Худо».
26 Онҳо натавонистанд Исоро пеши мардум бо сухан ба дом афтонанд ва аз ҷавоби Ӯ ба ҳайрат афтода, хомӯш шуданд.
27 Чанд нафар аз саддуқиён (онҳо аз нав зиндашавиро инкор мекарданд) ба пеши Исо омаданду
28 ба Вай чунин савол доданд: «Устод, Мӯсо дар қонун ба мо навиштааст, ки агар бародари касе фарзанд наёфта бимирад, бигзор вай зани ӯро ба никоҳи худ дарорад ва фарзандони ба дунё омадаро ҳамчун насли бародари марҳумаш бидонад.
29 Инак, ҳафт бародар буданд. Бародари калонӣ зан гирифту фарзанде ба дунё наоварда мурд.
30 Бародари дуюм, сеюм ва ҳамин тавр ҳамаи ҳафт бародарон ӯро ба занӣ мегирифтанд, вале ҳеҷ яке аз онҳо фарзанде ба дунё наоварда мурданд.
32 Оқибат зан ҳам аз дунё чашм пӯшид.
33 Пас, рӯзе, ки мурдаҳо аз нав зинда мешаванд, вай зани кадоме аз онҳо мешавад? Охир ҳамаи ҳафт бародарон ӯро ба занӣ гирифта буданд!»
34 Исо ҷавоб дод: «Одамони ин олам зан мегиранд ва ба шавҳар мебароянд.
Луқо 20 in Хушхабар