Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Луқо - Луқо 18

Луқо 18:37-43

Help us?
Click on verse(s) to share them!
37Ба вай гуфтанд, ки аз он ҷо Исои Носирӣ гузашта истодааст.
38Он нобино дод зада гуфт: «Эй Исои насли Довуд, ба ман раҳм кунед».
39Онҳое, ки пешопеш равона буданд, ӯро сарзаниш карда мегуфтанд, ки хомӯш шавад. Аммо ӯ торафт баландтар дод зада мегуфт: «Эй насли Довуд, ба ман раҳм кунед».
40Исо аз роҳаш бозистода фармуд, ки он нобиноро ба наздаш биёранд. Вақте ки ӯ наздик омад, Исо аз вай пурсид:
41«Ту чӣ мехоҳӣ? Бароят чӣ кор кунам?» Вай ҷавоб дод: «Худовандо! Мехоҳам бино шавам».
42Исо гуфт: «Бино шав! Имонат туро шифо дод».
43Вай ҳамон замон бино шуд ва Худоро ситоишкунон аз паси Исо равона гашт. Тамоми мардум инро дида, Худоро ҳамду сано мехонданд.

Read Луқо 18Луқо 18
Compare Луқо 18:37-43Луқо 18:37-43