Text copied!
Bibles in Tajik

Луқо 18:37-43 in Tajik

Help us?

Луқо 18:37-43 in Хушхабар

37 Ба вай гуфтанд, ки аз он ҷо Исои Носирӣ гузашта истодааст.
38 Он нобино дод зада гуфт: «Эй Исои насли Довуд, ба ман раҳм кунед».
39 Онҳое, ки пешопеш равона буданд, ӯро сарзаниш карда мегуфтанд, ки хомӯш шавад. Аммо ӯ торафт баландтар дод зада мегуфт: «Эй насли Довуд, ба ман раҳм кунед».
40 Исо аз роҳаш бозистода фармуд, ки он нобиноро ба наздаш биёранд. Вақте ки ӯ наздик омад, Исо аз вай пурсид:
41 «Ту чӣ мехоҳӣ? Бароят чӣ кор кунам?» Вай ҷавоб дод: «Худовандо! Мехоҳам бино шавам».
42 Исо гуфт: «Бино шав! Имонат туро шифо дод».
43 Вай ҳамон замон бино шуд ва Худоро ситоишкунон аз паси Исо равона гашт. Тамоми мардум инро дида, Худоро ҳамду сано мехонданд.
Луқо 18 in Хушхабар