Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Луқо - Луқо 7

Луқо 7:8-47

Help us?
Click on verse(s) to share them!
8Охир ман як фармонбардор ҳастам ва дар зери итоати худ низ сарбозонро дорам. Вақте ки ба яке „бирав“ мегӯям, меравад, ба дигаре „биё“ мегӯям, меояд ва агар ба хизматгорам „фалон корро бикун“ гӯям, ӯ албатта он корро иҷро мекунад».
9Исо инро шунида бисёр ҳайрон шуд ва ба мардуми бешуморе, ки аз паси Ӯ меомаданд, рӯ оварда гуфт: «Ба шумо мегӯям, ки ҳатто дар байни исроилиён касеро надидам, ки чунин имони сахт дошта бошад».
10Фиристодагони сардори лашкар ба хона баргашта, диданд, ки хизматгор сиҳат шудааст.
11Дере нагузашта Исо ҳамроҳи шогирдон ва шумораи зиёди мардум ба шаҳри Ноин рафт.
12Ӯ ба дарвозаи шаҳр наздик шуда, дид, ки мурдаеро мебароранд. Он мурда писари ягонаи бевазане буд ва сокинони зиёди шаҳр ҳамроҳи он зан равона буданд.
13Худованд он занро дида, дилаш ба ҳоли вай сӯхт ва ба ӯ гуфт: «Гиря накун».
14Баъд наздик омада, дасти худро рӯи тобут гузошт ва тобутбардорон аз роҳ бозистоданд. Сипас Ӯ гуфт: «Эй бародар! Ба ту мегӯям, бархез».
15Мурда аз ҷояш бархеста нишасту ба сухан даромад ва Исо ӯро ба модараш супорид.
16Ҳамаро тарсу ҳарос фаро гирифт ва мардум Худоро ҳамду санохонон мегуфтанд: «Худо ба халқи худ назар андохт ва дар байни мо пайғамбари бузурге пайдо шуд».
17Одамон дар тамоми Яҳудия ва гирду атрофи он дар бораи Исо нақл мекарданд.
18Шогирдони Яҳё низ ба устодашон ҳамаи воқеаҳоро нақл карданд. Яҳё ду нафар аз шогирдонашро ҷеғ зада,
19ба назди Худованд Исо фиристод, то бипурсанд: «Оё Шумо ҳамон шахсе ҳастед, ки омаданашро пешгӯӣ карда буданд ё мо бояд мунтазири каси дигар бошем?»
20Онҳо ба назди Исо омада, гуфтанд: «Яҳёи Таъмиддиҳанда моро пеши Шумо фиристод, то бипурсем, ки оё Шумо ҳамон шахсе ҳастед, ки омаданашро пешгӯӣ карда буданд ё мо бояд мунтазири каси дигар бошем?»
21Ин ҳамон вақте буд, ки Исо мардуми зиёдеро аз бемориҳо, дарду азоб ва рӯҳҳои нопок шифо бахшида, чашми нобиноёни зиёдеро бино мекард.
22Ӯ ба онҳо ҷавоб дод: «Ҳар чиро, ки дидаеду шунидаед, рафта, ба Яҳё нақл бикунед. Яъне бигӯед, ки чашмони кӯрон бино мешаванду лангон роҳ мегарданд, махавиён пок мешаванду карҳо мешунаванд, мурдаҳо аз нав зинда мешаванд ва ба бенавоён хушхабар эълон карда мешавад.
23Пас, хушбахт аст касе, ки дар ҳаққи Ман шакку шубҳа намекунад».
24Баъд аз рафтани фиристодагони Яҳё Исо ба мардум дар бораи Яҳё суханашро оғоз кард: «Назди Яҳё ба биёбон барои дидани чӣ рафта будед? Барои дидани қамише, ки аз вазидани бод меҷунбад?
25Агар не, пас барои дидани чӣ рафта будед? Магар барои дидани одаме, ки либоси қимат мепӯшад? Охир онҳое, ки либоси зебо мепӯшанд ва ҳаёти пур аз айшу ишрат доранд, дар қасрҳои подшоҳӣ зиндагӣ мекунанд.
26Пас, киро диданӣ будед? Пайғамбарро? Дуруст, аммо ба шумо мегӯям, ки шумо каси бузургтар аз пайғамбарро дидаед.
27Яҳё ҳамон як одамест, ки Худо дар борааш дар навиштаҷот гуфта буд: „Ана, Ман пешопеши Ту як одамамро мефиристам, то ба омаданат роҳ тайёр кунад“.
28Ҳоло ба шумо мегӯям, ки дар байни ҳамаи онҳое, ки аз модар ба дунё омадаанд, бузургтар аз Яҳё касе пайдо нашудааст. Аммо шахси хурдтарин дар подшоҳии Худо бузургтар аз Яҳё аст».
29Тамоми мардум ва андозгирон низ суханони ӯро шунида, дуруст будани роҳи Худоро тасдиқ менамуданд ва аз ин сабаб аз дасти Яҳё таъмид гирифта буданд.
30Вале азбаски фарисиён ва қонуншиносон таъмиди Яҳёро нагирифта буданд, аз нияте, ки Худо нисбаташон дошт, рӯй гардонданд.
31Исо суханашро давом дода гуфт: «Одамони ин наслро бо кӣ муқоиса кунам? Онҳо ба кӣ монандӣ доранд?
32Онҳо монанди кӯдаконе ҳастанд, ки дар кӯча нишаста, якдигарро ҷеғ мезананд ва мегӯянд: „Мо бароятон карнай навохтем, аммо шумо рақс накардед! Суруди мотам хондем, вале гиря накардед“.
33Ҳоло Яҳёи Таъмиддиҳанда омадааст, ки нон намехӯраду шароб наменӯшад ва шумо мегӯед, ки ӯ дев дорад.
34Фарзанди Инсон омадааст, ки ҳам мехӯраду ҳам менӯшад ва шумо мегӯед: „Ана марди пурхӯр ва бадмаст дӯсти андозгирону гунаҳкорон аст“.
35Вале дуруст будани ҳикмати Худо ба воситаи корҳои тамоми фарзандонаш исбот мешавад».
36Яке аз фарисиён Исоро ба меҳмонӣ даъват намуд ва Ӯ ба хонаи он фарисӣ рафта, дар назди дастархон паҳлӯ зада нишаст.
37Дар он шаҳр як зани пургуноҳе буд. Чун ӯ фаҳмид, ки Исо дар хонаи он фарисӣ хӯрок мехӯрад, кӯзачаи сангини гаронбаҳоро, ки равғани хушбӯй дошт, гирифта ба он ҷо омад.
38Вай аз пушт, назди пойҳои Исо истода мегирист ва ашкҳояш ба пойҳои Исо мечакиданд. Зан бо мӯйҳояш пойҳои Ӯро мехушконид, бо эҳтиром онҳоро мебӯсид ва ба онҳо равғани хушбӯйро мемолид.
39Инро дида, фарисие, ки Исоро даъват карда буд, чунин фикрро аз дил гузаронд: «Агар ин мард дар ҳақиқат пайғамбар мебуд, мефаҳмид, ки ин зан чӣ гуна аст. Чун зане, ки ҳоло ба Ӯ даст мерасонад, гунаҳкор аст»!
40Вале Исо ба ӯ гуфт: «Шимъӯн! Мехоҳам ба ту чизе бигӯям». Гуфт: «Марҳамат, устод».
41Пас Исо суханашро давом дода гуфт: «Ду кас аз як одам пул қарз гирифтанд. Яке аз ӯ панҷсад ва дигаре панҷоҳ тангаи нуқра қарздор буд.
42Азбаски онҳо барои баргардондани қарз чизе надоштанд, он одам қарзи ҳардуро бахшид. Ҳоло бигӯ, кадоме аз онҳо ӯро бештар дӯст медорад?»
43Шимъӯн дар ҷавоб гуфт: «Ба гумонам он касе, ки ба ӯ қарзи зиёдтаре бахшида шудааст». Исо гуфт: «Дуруст фаҳмидӣ».
44Баъд ба он зан рӯ оварда, ба Шимъӯн гуфт: «Ин занро мебинӣ? Ман дар хонаи ту меҳмон шудам, вале барои пойҳоям об наовардӣ; ин зан бошад, пойҳои Маро бо ашкҳояш шуст ва бо мӯйҳояш тоза кард.
45Ту Маро ҳатто набӯсидӣ; ин зан бошад, аз вақти омаданам то ҳол бӯсидани пойҳоямро бас намекунад.
46Ту ба сарам ҳатто равғани оддиро намолидӣ; вай бошад, равғани қиматбаҳои хушбӯйро ба пойҳоям молид.
47Бинобар ин ба ту мегӯям, азбаски гуноҳҳои зиёди вай бахшида шудаанд, ӯ чунин муҳаббати зиёд дорад ва агар ба касе гуноҳи камтар бахшида шавад, муҳаббаташ низ камтар аст».

Read Луқо 7Луқо 7
Compare Луқо 7:8-47Луқо 7:8-47