Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Луқо - Луқо 7

Луқо 7:6-19

Help us?
Click on verse(s) to share them!
6Исо ҳамроҳи онҳо рафт. Ҳангоме ки ба хона наздик мешуд, сардори лашкар дӯстонашро фиристод, ки аз номи вай ба Исо чунин бигӯянд: «Хоҷа! Аз ин зиёд заҳмат накашед, зеро ман лоиқи он нестам, ки аз остонаи дарам гузаред.
7Ба ҳамин сабаб худро муносиб надонистам, ки назди шумо биёям. Танҳо як амр кунед ва хизматгори ман шифо меёбад.
8Охир ман як фармонбардор ҳастам ва дар зери итоати худ низ сарбозонро дорам. Вақте ки ба яке „бирав“ мегӯям, меравад, ба дигаре „биё“ мегӯям, меояд ва агар ба хизматгорам „фалон корро бикун“ гӯям, ӯ албатта он корро иҷро мекунад».
9Исо инро шунида бисёр ҳайрон шуд ва ба мардуми бешуморе, ки аз паси Ӯ меомаданд, рӯ оварда гуфт: «Ба шумо мегӯям, ки ҳатто дар байни исроилиён касеро надидам, ки чунин имони сахт дошта бошад».
10Фиристодагони сардори лашкар ба хона баргашта, диданд, ки хизматгор сиҳат шудааст.
11Дере нагузашта Исо ҳамроҳи шогирдон ва шумораи зиёди мардум ба шаҳри Ноин рафт.
12Ӯ ба дарвозаи шаҳр наздик шуда, дид, ки мурдаеро мебароранд. Он мурда писари ягонаи бевазане буд ва сокинони зиёди шаҳр ҳамроҳи он зан равона буданд.
13Худованд он занро дида, дилаш ба ҳоли вай сӯхт ва ба ӯ гуфт: «Гиря накун».
14Баъд наздик омада, дасти худро рӯи тобут гузошт ва тобутбардорон аз роҳ бозистоданд. Сипас Ӯ гуфт: «Эй бародар! Ба ту мегӯям, бархез».
15Мурда аз ҷояш бархеста нишасту ба сухан даромад ва Исо ӯро ба модараш супорид.
16Ҳамаро тарсу ҳарос фаро гирифт ва мардум Худоро ҳамду санохонон мегуфтанд: «Худо ба халқи худ назар андохт ва дар байни мо пайғамбари бузурге пайдо шуд».
17Одамон дар тамоми Яҳудия ва гирду атрофи он дар бораи Исо нақл мекарданд.
18Шогирдони Яҳё низ ба устодашон ҳамаи воқеаҳоро нақл карданд. Яҳё ду нафар аз шогирдонашро ҷеғ зада,
19ба назди Худованд Исо фиристод, то бипурсанд: «Оё Шумо ҳамон шахсе ҳастед, ки омаданашро пешгӯӣ карда буданд ё мо бояд мунтазири каси дигар бошем?»

Read Луқо 7Луқо 7
Compare Луқо 7:6-19Луқо 7:6-19