8Дар он сарзамин чӯпонҳое буданд, ки шабона дар ҳавои кушод рамаи худро посбонӣ мекарданд.
9Як фариштаи Худованд бар онҳо зоҳир гардид ва шӯҳрату ҷалоли Худованд дар атрофашон дурахшид. Чӯпонҳо сахт тарсиданд.
10Аммо фаришта ба онҳо гуфт: «Натарсед, ман ба шумо хушхабареро овардаам, ки аз шунидани он тамоми мардум беҳад шод мегарданд.
11Зеро имрӯз барои шумо дар шаҳри шоҳ Довуд Наҷотдиҳандае ба дунё омад, ки Ӯ Таъиншудаи Худо ва Худованд аст.
12Ба шумо ҳамин нишона мешавад, ки тифли парпечшударо дар охур хобида меёбед».
13Ногаҳон бо он фаришта дар осмон ҳазор-ҳазор фариштаҳои дигар пайдо шуданд, ки Худоро ҳамду сано хонда, мегуфтанд:
14«Бигзор номи Худо дар осмонҳо шӯҳрату ҷалол ёбад ва дар байни онҳое, ки дар рӯи замин писандидаи Ӯ ҳастанд, сулҳу осоиштагӣ бошад!»
15Баъд фариштагон аз назди онҳо дур шуда, дар осмон нопадид гаштанд ва чӯпонҳо ба якдигар мегуфтанд: «Биёед, ба Байт-Лаҳм биравем ва он ҳодисаҳои рӯйдодаро, ки Худованд ба мо гуфт, бубинем».
16Пас бошитоб рафта, Маряму Юсуф ва он кӯдакро, ки дар охур хобида буд, ёфтанд.
17Вақте ки кӯдакро диданд, ҳар он чизеро, ки дар борааш шунида буданд, ба ҳама нақл карданд.
18Ҳамаи шунавандагон аз нақли чӯпонҳо ҳайрон шуданд.
19Вале Марям чизи шунидаашро дар дили худ нигоҳ дошта, дар борааш фикру мулоҳизаҳои зиёде мекард.
20Чӯпонҳо баргашта, барои чизҳои шунидаву дидаашон Худоро ситоиш намуда, ба Ӯ ҳамду сано мехонданд, зеро ҳамаи он чизе, ки ба онҳо гуфта шуда буд, иҷро шуд.
21Баъд аз ҳашт рӯз вақти хатнаи кӯдак фаро расид ва Ӯро Исо номиданд. Ба Ӯ ҳамон номеро гузоштанд, ки фаришта ҳанӯз пеш аз дар шикам пайдо шудани Ӯ гуфта буд.
22Ҳамин ки вақти покшавии онҳо фаро расид, Юсуфу Марям мувофиқи шариати Мӯсо кӯдакро ба Ерусалим оварданд, то ки ба Худованд пешкаш намоянд.
23Чунон ки дар шариати Худованд навишта шудааст: «Ҳар писари аввалин бояд ба Худо бахшида шавад»
24ва аз рӯи қонун падару модари кӯдак бояд ҳатман як ҷуфт мусича ва ё ду чӯҷаи кабӯтарро қурбонӣ кунанд.
25Дар Ерусалим Шимъӯн ном марде зиндагӣ мекард, ки худотарсу накӯкор буд. Вай вақти тасаллӣ ёфтани халқи Исроилро интизор буд. Рӯҳи Муқаддас бо Шимъӯн буд
26ва аз он Рӯҳ бар ӯ маълум шуд, ки то Шимъӯн Таъиншудаи Худованд, яъне Масеҳро набинад, намемирад.
27Он Рӯҳ ба Шимъӯн илҳом бахшид ва ӯ ба Хонаи Худо рафт. Худи ҳамон рӯз падару модари Исо ҳам кӯдакро барои иҷро намудани маросими шариат ба он ҷо оварданд.
28Шимъӯн кӯдакро ба оғӯш гирифт ва Худоро ҳамду сано хонда гуфт:
29«Ҳоло, эй Худованд, бандаатро аз рӯи ваъдаи худ бо сулҳу саломатӣ ҷавоб деҳ,
30зеро чашмонам наҷотеро диданд, ки аз тарафи Ту меояд.
31Ту онро дар ҳузури ҳамаи халқҳо муҳайё сохтӣ.
32Вай нурест, ки барои ғайрияҳудиён роҳи Туро равшан мекунад ва ба халқи Исроилат шӯҳрат меорад».
33Падару модари Исо аз чунин суханони дар бораи кӯдак гуфташуда ҳайрон шуданд.
34Шимъӯн онҳоро баракат дода, ба Марям, модари Исо гуфт: «Ин кӯдак дар Исроил барои нобуд сохтан ва наҷот додани бисёриҳо таъин шудааст. Ӯ нишонае аз Худо мешавад, ки бар зиддаш сухан хоҳанд гуфт,
35то ки фикрҳои дили бисёриҳо ошкор шавад ва ту ҳам бисёр азоб мекашӣ».
36Дар Хонаи Худо Ҳано ном пайғамбарзане буд, ки падараш Фануил ном дошт. Онҳо аз авлоди Ошер буданд. Ҳано хеле пир шуда буд. Вай баъд аз ба шавҳар баромадан ҳамагӣ ҳафт сол бо ҳамсараш зиндагӣ карда буд.
37Ин зани ҳаштоду чорсола, ки бева монда буд, ҳеҷ вақт аз Хонаи Худо берун намерафт ва шабу рӯз бо дуову рӯза хизмату ибодат мекард.
38Вай ҳам якбора пеш омаду Худоро шукргӯён ба ҳамаи онҳое, ки интизори озод шудани Ерусалим буданд, дар бораи он кӯдак нақлҳои зиёде кард.
39Баъд аз он ки Юсуф ва Марям ҳамаи корҳоро аз рӯи шариати Худованд иҷро карданд, ба шаҳри худ, ки Носираи Ҷалил аст, баргаштанд.