Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Луқо - Луқо 22

Луқо 22:54-66

Help us?
Click on verse(s) to share them!
54Онҳо Исоро дастгир намуда, ба хонаи сарвари рӯҳониён бурданд. Петрус каме дуртар аз онҳо роҳ мерафт.
55Дар мобайни ҳавлӣ гулхан даргиронданд ва одамон якҷоя нишастанд. Петрус ҳам бо онҳо нишаст.
56Яке аз канизакон дид, ки вай дар равшании оташ нишастааст, бодиққат ба ӯ нигоҳ карда гуфт: «Ин одам ҳам бо Исо буд!»
57Вале Петрус инкор карда гуфт: «Эй хоҳар! Ман Ӯро намешиносам».
58Баъд аз чанд муддат як одами дигар вайро дида гуфт: «Ту ҳам яке аз онҳо ҳастӣ». «Не охир, ака!» — гуфт Петрус.
59Тахминан як соат гузашту боз як нафар бо боварии комил гуфт: «Аниқ ин кас ҳам бо Исо буд, чунки ӯ ҷалилӣ аст».
60«Гӯш кун, ман намедонам, ту дар чӣ хусус гап мезанӣ», — гуфт Петрус. Вақте ки инро мегуфт, хурӯс ҷеғ зад.
61Худованд ба Петрус рӯй оварда нигоҳ кард ва Петрус суханони Худовандро ба ёдаш овард, ки гуфта буд: «Худи ҳамин рӯз, ҳанӯз хурӯс ҷеғ назада, ту се бор Маро инкор мекунӣ».
62Петрус аз ҳавлӣ берун баромада, зор-зор гиря кард.
63Одамоне, ки Исоро дастгир карда буданд, Ӯро таҳқир намуда мезаданд.
64Чашмонашро баста, аз Ӯ мепурсиданд: «Ҳой пайғамбар! Канӣ, гӯй-чи Туро кӣ зад?»
65Ва Ӯро бисёр ҳақорат мекарданд.
66Вақте ки рӯз шуд, ҷамоате аз пирони қавм, сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон ҳамроҳ шуда, Исоро ба шӯрои худ оварданд.

Read Луқо 22Луқо 22
Compare Луқо 22:54-66Луқо 22:54-66