Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Луқо - Луқо 12

Луқо 12:4-21

Help us?
Click on verse(s) to share them!
4Ба шумо мегӯям: Эй дӯстонам, аз онҳое, ки ҷисматонро мекушанд ва баъд аз он ҳеҷ кори дигаре карда наметавонанд, натарсед.
5Ман ба шумо мефаҳмонам, ки аз кӣ бояд тарсед. Аз он касе тарсед, ки баъд аз куштан шуморо ба дӯзах партофта метавонад. Бале, ба шумо мегӯям, ки аз Ӯ бояд битарсед.
6Магар ба ду танга панҷ гунҷишк фурӯхта намешавад? Вале Худо ҳар як гунҷишкро ҳам дар хотираш нигоҳ медорад
7ва ҳар тори мӯйи саратон ҳам ба ҳисоб гирифта шудааст. Бинобар ин натарсед, шумо аз бисёр гунҷишкҳо ҳам қиматтар ҳастед.
8Ба шумо мегӯям: ҳар кӣ дар пеши мардум гӯяд, ки пайрави Ман аст, Фарзанди Инсон низ дар назди фариштагони Худо пайрави Ман будани ӯро тасдиқ мекунад.
9Лекин, ҳар кӣ дар пеши мардум Маро рад кунад, Фарзанди Инсон низ дар пеши фариштагони Худо ӯро рад мекунад.
10Ҳар кӣ бар зидди Фарзанди Инсон сухане бигӯяд, бахшида мешавад, лекин касе, ки бар зидди Рӯҳи Муқаддас сухани кофирона бигӯяд, бахшида нахоҳад шуд.
11Вақте шуморо ба ибодатхонаҳо, ба назди сардорону ҳукуматдорон меоранд, ғам нахӯред, ки чӣ хел бояд ҷавоб диҳед ё чӣ бояд гӯед.
12Зеро Рӯҳи Муқаддас ба шумо ёд медиҳад, ки ҳамон лаҳза чӣ бояд бигӯед».
13Марде аз байни мардум ба Исо гуфт: «Устод! Ба бародарам бигӯ, ки меросро бо ман тақсим кунад».
14Исо ҷавоб дод: «Эй мард, кӣ Маро бар шумо қозӣ ё довар таъин кардааст?»
15Сипас, ба ҳама муроҷиат карда гуфт: «Аз ҳар гуна ҳирсу чашмгуруснагӣ ҳазар кунед, зеро ҳаёти одам аз зиёдатии бойигариаш иборат нест».
16Баъд ба онҳо масалеро гуфт: «Замини як марди бой ҳосили фаровоне ба бор овард.
17Вай худ ба худ фикр карда гуфт: „Чӣ кор бояд кунам, охир барои ҷамъ кардани ҳосили худ ҷое надорам?“
18Баъд гуфт: „Ана чӣ кор мекунам — анборҳои худро вайрон карда, калонтарашро месозам ва тамоми ҳосилу бойигариамро ба он ҷо бурда,
19ба худ мегӯям: Акнун ту бойигарии бисёре дорӣ, ки барои солҳои зиёде мерасад. Истироҳат кун, бихӯр, бинӯш ва аз кайфу сафои зиндагӣ бебаҳра намон“.
20Вале Худо ба вай гуфт: „Эй нодон! Ҳамин шаб ҷонат аз ту талаб карда мешавад. Пас, он чӣ захира кардаӣ, насиби кӣ мегардад?“
21Ҳамин тавр бо ҳар касе мешавад, ки барои худ бойигарӣ ҷамъ мекунад, вале дар назари Худо бой нест».

Read Луқо 12Луқо 12
Compare Луқо 12:4-21Луқо 12:4-21