25Баъд Ӯро дар он тарафи баҳр ёфта, аз Ӯ пурсиданд: «Устод, Шумо кай ба ин ҷо омадед?»
26Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Ба шумо рост мегӯям, ки шумо Маро на аз барои он ки мӯъҷизаҳоямро дидаед, ҷустуҷӯ мекунед, балки аз барои он ки то сер шудан нон хӯрдед!
27На барои хӯроки нестшаванда, балки барои хӯроке, ки то ҳаёти абадӣ мемонад, меҳнат кунед. Ин хӯрокро Фарзанди Инсон ба шумо медиҳад, чунки Худо-Падар ба иҷрои ин кор ба Ӯ розигиашро додааст».
28Онҳо аз Вай пурсиданд: «Барои иҷро кардани талаби Худо мо чӣ бояд кунем?»
29Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Талаби Худо ин аст, ки ба каси фиристодааш имон оваред».
30Онҳо пурсиданд: «Ту ба мо чӣ мӯъҷизае нишон медиҳӣ, ки мо онро дида ба Ту имон оварем? Ту чӣ кор мекунӣ?
31Аҷдодони мо дар биёбон нони манна хӯрданд. Чунон ки дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки Ӯ барои хӯрдан ба онҳо аз осмон нон дод».
32Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ба шумо рост мегӯям, ки нонро аз осмон ба шумо Мӯсо надодааст, ин Падари Ман аст, ки ба шумо аз осмон нони ҳақиқӣ медиҳад.
33Зеро нони Худо он аст, ки аз осмон поён меояду ба ҷаҳон ҳаёт мебахшад».
34«Хоҷаам, — гуфтанд онҳо, — ба мо ҳамеша чунин нон бидеҳ!»
35Исо ба онҳо гуфт: «Ман нони ҳаёт ҳастам. Ҳар касе ки назди Ман биёяд, гурусна нахоҳад монд ва ҳар касе ки ба Ман имон оварад, ҳаргиз ташна нахоҳад шуд.
36Аммо, чунон ки Ман ба шумо гуфта будам, шумо Маро дидед, вале бовар намекунед.
37Ҳар касе ки ӯро Падар ба Ман ато кардааст, сӯи Ман хоҳад омад ва ҳар касе ки ба назди Ман биёяд, Ман ӯро берун нахоҳам ронд.
38Зеро Ман аз осмон на барои иҷро кардани иродаи худ, балки барои иҷро кардани иродаи фиристандаам фаромадаам.
39Иродаи фиристандаи Ман ин аст, ки аз он касоне, ки Ӯ ба Ман ато кардааст, ҳеҷ якеро аз даст надиҳам, балки дар рӯзи қиёмат онҳоро зинда гардонам.
40Зеро иродаи Падари Ман ин аст: ҳар кас ки Писарро бинаду ба Ӯ имон оварад, ҳаёти абадӣ ба даст оварад ва дар рӯзи қиёмат Ман ӯро зинда мекунам».