4Роҳи Ӯ аз вилояти Сомария мегузашт.
5Инак, Исо ба Суҳор ном шаҳри Сомария омада расид, ки он дар наздикии заминест, ки Ёқуб ба писари худ Юсуф дода буд.
6Дар он ҷо чоҳи Ёқуб буд. Исо аз сафар монда шуда, барои дам гирифтан дар канори чоҳ нишаст. Вақт қариби нисфирӯзӣ буд.
7Шогирдони Ӯ барои харидани хӯрокворӣ ба шаҳр рафтанд. Ҳамин вақт як зани сомарӣ барои об ба сари чоҳ омад. Исо ба зан гуфт: «Барои нӯшиданам об деҳ».
9«Чӣ тавр Шумо, ки яҳудӣ ҳастед, аз мани сомарӣ об мепурсед?» — гуфт ба Ӯ зани сомарӣ. (Гап дар сари он аст, ки яҳудиён бо сомариён рафтуомад надоранд).
10Исо ҷавоб дод: «Агар ту медонистӣ, ки Худованд чӣ чизро ато мекунад ва касе ки ба ту „Барои нӯшиданам об деҳ“ мегӯяд, кист, ту худат аз Ӯ об хоҳиш мекардӣ ва Ӯ ба ту оби ҳаёт медод».
11Зан ба Ӯ мегӯяд: «Хоҷаам, Шумо сатил надоред, чоҳ бошад, чуқур аст. Пас, аз куҷо оби ҳаёт мегиред?
12Магар Шумо аз аҷдоди мо Ёқуб, ки ин чоҳро ба мо дод ва аз он худаш, писаронаш ва чорвояш об менӯшиданд, бузургтар ҳастед?»
13Исо ҷавоб дод: «Ҳар касе ки аз ин об нӯшад, боз ташна хоҳад шуд.
14Аммо ҳар кӣ аз обе, ки Ман ба ӯ медиҳам, бинӯшад, ҳеҷ гоҳ ташна нахоҳад шуд. Обе, ки Ман ба ӯ медиҳам, аз даруни ӯ мисли ҷорӣ шудани оби ҳаёти абадӣ мешавад».
15Зан ба Ӯ гуфт: «Хоҷаам, ба ман аз ин об диҳед, ки дигар ташна нашавам ва барои об ба ин чоҳ наоям!»
16Исо ба ӯ гуфт: «Рафта, шавҳаратро ҷеғ зада биё».
17«Ман шавҳар надорам», — ҷавоб дод зан. Исо ба ӯ гуфт: «Рост гуфтӣ, ки шавҳар надорӣ.
18Ту панҷ шавҳар доштӣ ва он марде, ки бо ӯ ҳоло зиндагӣ мекунӣ, шавҳари ту нест. Ту рост гуфтӣ».
19Зан ба Ӯ гуфт: «Хоҷаам, мебинам, ки Шумо пайғамбар ҳастед.
20Аҷдодони мо дар сари ин кӯҳ ибодат мекарданд, аммо шумо, яҳудиён мегӯед, ки одамон бояд дар Ерусалим ибодат кунанд».
21Исо ба ӯ дар ҷавоб гуфт: «Эй зан, ба Ман бовар кун, ки вақту соате фаро мерасад, ки ба Падари осмонӣ на дар сари ин кӯҳ ва на дар Ерусалим саҷда хоҳед кард.
22Шумо, сомариён намедонед, ки ба чӣ саҷда мекунед, аммо мо медонем, ки ба кӣ саҷда мекунем, зеро наҷот ба воситаи яҳудиён меояд.
23Вале вақту соате меояд ва аллакай фаро расидааст, ки саҷдакунандагони ҳақиқӣ ба Падар дар рӯҳ ва ростӣ саҷда мекунанд, зеро Падар барои худ чунин саҷдакунандагонро меҷӯяд!
24Худо рӯҳ аст ва онҳое, ки ба Ӯ саҷда мекунанд, бояд дар рӯҳ ва ростӣ саҷда кунанд».
25Зан ба Ӯ гуфт: «Медонам, ки Таъиншудаи Худо бояд биёяд. Вақте ки Ӯ меояд, ҳама чизро ба мо баён мекунад».
26«Он кас Манам, ки бо ту сӯҳбат мекунам», — ҷавоб дод Исо.
27Ҳамин вақт шогирдони Исо аз шаҳр баргашта, ҳайрон монданд, ки Исо бо зане сӯҳбат мекунад. Лекин касе напурсид, ки Исо чӣ мехоҳад ё чаро бо он зан сӯҳбат мекунад.
28Зан кӯзаи худро монду ба шаҳр рафта, ба мардум гуфт:
29«Рафтем, шахсеро мебинед, ки ҳар кори дар зиндагӣ кардаамро ба ман як ба як гуфт. Шояд Ӯ Таъиншудаи Худо бошад?»
30Он гоҳ мардум аз шаҳр баромада ба назди Исо омаданд.
31Дар ин миён шогирдон аз Исо хоҳиш карда гуфтанд: «Устод, ягон чиз хӯред!»
32Исо ҷавоб дода гуфт: «Ман хӯроке дорам, ки шумо аз он бехабаред».
33Шогирдон боз ба ҳамдигар гуфтанд: «Шояд касе ба Ӯ хӯрок оварда бошад?»
34Исо ба онҳо гуфт: «Хӯроки Ман иҷро кардани хости Фиристандаам ва ба анҷом расондани корҳои ӯст.
35Магар шумо намегӯед, ки „Баъд аз чор моҳи дигар мавсими дарав фаро мерасад?“ Аммо Ман ба шумо мегӯям, ки чашмонатонро кушода, ба киштзор нигоҳ кунед, ки он чӣ гуна пухта расида, барои дарав тайёр шудааст!
36Даравгар ҳам музди худро мегирад ва ҳам барои ҳаёти абадӣ ҳосил ҷамъ мекунад, то ки ҳам коранда ва ҳам даравгар якҷоя хурсанд шаванд.
37Ин ҷо чунин сухан бамаврид аст: „Яке мекораду дигаре медаравад“.
38Ман шуморо барои даравидани ҳосиле фиристодам, ки шумо барои он заҳмат накашидаед, дигарон заҳмат кашидаанд, аммо шумо ба маҳсули меҳнати онҳо шарик шудаед».
39Мардуми зиёде аз сомариёни ин шаҳр ба туфайли суханони он зан, ки «ҳар кори дар зиндагӣ кардаамро ба ман як ба як баён кард» гуфта буд, ба Исо имон оварданд.
40Вақте ки сомариён ба назди Исо омада, аз Ӯ хоҳиш карданд, ки ҳамроҳи онҳо бимонад, Ӯ ду рӯз дар он ҷо монд.
41Он гоҳ шумораи зиёдтари мардум ба Исо аз рӯи суханони худи Ӯ имон оварданд.
42Онҳо ба он зан гуфтанд: «Акнун мо на аз барои суханони ту имон меоварем, балки худамон суханҳояшро шунида фаҳмидем, ки Вай ҳақиқатан Наҷотдиҳандаи ҷаҳон аст».
43Баъд аз ду рӯз Исо аз он ҷо баромада, ба Ҷалил рафт.
44Ӯ худ шоҳидӣ медод, ки пайғамбар дар диёри худ қадр надорад.
45Аммо, вақте ки Ӯ ба Ҷалил омад, мардуми он ҷо Ӯро қабул карданд, чунки онҳо ҳангоми ҷашни ид дар Ерусалим буданд ва ҳамаи корҳоеро, ки Исо дар он ҷо карда буд, дида буданд.
46Исо боз ба Қанои Ҷалил, ки пештар дар он ҷо обро ба шароб табдил дода буд, омад. Дар Кафарнаҳум писари як амалдори дарбор бемор буд.
47Ин амалдор аз Яҳудия ба Ҷалил омадани Исоро шунида ба назди Ӯ омад ва илтиҷо кард, ки ба Кафарнаҳум омада, писари ӯро, ки дар дами марг буд, шифо бахшад.
48Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Шумо то ягон нишона ва мӯъҷизае набинед, имон намеоваред».
49«Хоҷаам! Писарам ҳанӯз намурда биёед!» — гуфт амалдори дарбор.