Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Юҳанно - Юҳанно 9

Юҳанно 9:3-15

Help us?
Click on verse(s) to share them!
3Исо дар ҷавоб гуфт: «На аз барои гуноҳи худаш ва на аз барои гуноҳи падару модараш. Кӯрии вай барои он аст, ки корҳои Худо дар ҳаёти вай нишон дода шаванд.
4То рӯз аст, мо бояд корҳои фиристандаи Маро иҷро кунем. Вақте ки шаб мешавад, касе кор карда наметавонад.
5То Ман дар ҷаҳон ҳастам, Ман нури ҷаҳонам».
6Инро гуфта, ба замин туф карду онро бо хок омехта, гилро ба чашмони кӯр молид ва
7ба ӯ гуфт: «Рафта, дар ҳавзи Шилӯаҳ (маънои он „фиристода“ аст) рӯятро бишӯй». Ӯ рафта, рӯяшро шусту бо чашмони бино баргашт.
8Ҳамсояҳои ӯ ва касони дигаре, ки ӯро дар вақти садақа пурсиданаш дида буданд, ба ҳамдигар мегуфтанд: «Оё ин ҳамон шахс нест, ки нишаста гадоӣ мекард?»
9«Бале, ин ҳамон шахс аст», — мегуфтанд баъзеҳо. Дигарон мегуфтанд: «Не, ӯ фақат монанд аст». Он мард бошад, мегуфт, ки ман ҳамон одам ҳастам.
10«Ту чӣ тавр бино шудӣ?» — пурсиданд аз ӯ.
11Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Марде бо номи Исо гиле сохта, ба чашмони ман молиду гуфт, ки ба Шилӯаҳ рафта, рӯямро шӯям. Ман рафта, рӯямро шустаму бино шудам».
12«Ӯ дар куҷост?» — пурсиданд онҳо. «Намедонам», — ҷавоб дод ӯ.
13Мардеро, ки пештар кӯр буд, назди фарисиён бурданд.
14Рӯзе, ки Исо гил сохта, чашмони ӯро шифо дод, рӯзи истироҳат буд.
15Фарисиён ҳам ӯро пурсиданд, ки чӣ тавр ӯ бино шуд. Ӯ ҷавоб дод: «Ӯ ба чашмонам гил молиду ман рӯямро шустам ва акнун мебинам».

Read Юҳанно 9Юҳанно 9
Compare Юҳанно 9:3-15Юҳанно 9:3-15