23Барои ҳамин ҳам падару модари вай гуфтанд, ки «Ӯ ба воя расидааст, аз худаш пурсед».
24Инак, шахсеро, ки кӯр буд, бори дигар ҷеғ зада, ба ӯ гуфтанд: «Ба Худо росташро бигӯй! Мо медонем, ки он шахс гунаҳкор аст».
25«Гунаҳкор аст ё не, ман намедонам, — ҷавоб дод ӯ. — Ҳаминашро медонам, ки ман кӯр будам ва акнун мебинам».
26Онҳо боз пурсиданд: «Ӯ бо ту чӣ кор кард? Чӣ тавр чашмони туро бино кард?»
27«Ман ба шумо гуфта будам, вале шумо гӯш накардед, — ҷавоб дод ӯ. — Чаро боз шунидан мехоҳед? Шояд шумо ҳам шогирди Ӯ шуданӣ ҳастед?»
28Онҳо ӯро ҷанг карда: «Ин ту шогирди Ӯ ҳастӣ, аммо мо шогирдони Мӯсо ҳастем.
29Мо медонем, ки Худо бо Мӯсо гап задааст, вале дар бораи ин одам бошад, ҳатто аз куҷо буданашро намедонем».
30Он мард дар ҷавоб гуфт: «Аҷиб аст, ки шумо аз куҷо будани Ӯро намедонед, ҳол он ки Ӯ чашмони маро бино кард.
31Мо медонем, ки Худо дуои гунаҳкоронро намешунавад, фақат онҳоеро мешунавад, ки худотарс ҳастанду хости Ӯро иҷро мекунанд.