Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Юҳанно - Юҳанно 8

Юҳанно 8:48-56

Help us?
Click on verse(s) to share them!
48Мардум ба Ӯ гуфтанд: «Магар мо нагуфтем, ки Ту сомарӣ ҳастӣ ва дев дорӣ?»
49Исо ҷавоб дод: «Ман дев надорам, балки Падари худро ҳурмат мекунам, вале шумо Маро бадном мекунед.
50Ман дар ҷустуҷӯи шӯҳрати худ нестам, каси дигаре дар ҷустуҷӯи он аст ва Ӯ довар мешавад.
51Ба шумо рост мегӯям: касе ки гуфтаҳои Маро иҷро мекунад, ҳаргиз нахоҳад мурд».
52Онҳо ба Вай гуфтанд: «Акнун мо яқин донистем, ки Ту девона ҳастӣ. Аҷдоди мо Иброҳим мурд ва пайғамбарон ҳам мурданд. Вале Ту мегӯӣ, ки касе суханони Туро иҷро кунад, ҳаргиз намемирад.
53Иброҳим мурд, магар Ту аз ӯ бузургтар ҳастӣ? Пайғамбарон ҳам мурдаанд. Ту худро кӣ ҳисоб мекунӣ?»
54Исо ҷавоб дод: «Агар Ман худро шӯҳрат медодам, шӯҳрати Ман арзише намедошт. Аммо Маро Падарам шӯҳрат медиҳад, ки шумо Ӯро Худои худ мехонед!
55Шумо ҳеҷ вақт Ӯро намешинохтед, вале Ман Ӯро мешиносам. Агар Ман мегуфтам, ки Ӯро намешиносам, монанди шумо дурӯғгӯй мешудам. Вале Ман Ӯро мешиносам ва гуфтаҳои Ӯро ба ҷо меорам.
56Аҷдоди шумо Иброҳим шод буд, ки рӯзи омадани Маро мебинад. Вай ин рӯзро дид ва хурсанд шуд!»

Read Юҳанно 8Юҳанно 8
Compare Юҳанно 8:48-56Юҳанно 8:48-56