Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Юҳанно - Юҳанно 3

Юҳанно 3:31-35

Help us?
Click on verse(s) to share them!
31Касе ки аз боло меояд, аз ҳама бузургтар аст. Касе ки аз замин аст, худ заминист ва чун заминӣ сухан мегӯяд. Аммо, касе ки аз осмон меояд, аз ҳама болотар аст.
32Ӯ дар бораи он чӣ худ дидаасту шунидааст, шоҳидӣ медиҳад, аммо шоҳидии Ӯро ҳеҷ кас қабул намекунад.
33Вале ҳар кас ки шоҳидии Ӯро қабул мекунад, бо ин тасдиқ мекунад, ки Худо ҳамеша ҳақ аст.
34Фиристодашудаи Худо суханони Худоро мегӯяд, чунки Худо Рӯҳашро бе меъёр мебахшад.
35Падар Писарро дӯст медорад ва ҳама чизро ба дасти Ӯ супоридааст.

Read Юҳанно 3Юҳанно 3
Compare Юҳанно 3:31-35Юҳанно 3:31-35