Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Юҳанно - Юҳанно 10

Юҳанно 10:28-37

Help us?
Click on verse(s) to share them!
28Ман ба онҳо ҳаёти абадӣ мебахшам ва онҳо ҳаргиз нобуд намешаванд ва касе наметавонад онҳоро аз дасти Ман бирабояд.
29Падари Ман, ки онҳоро ба Ман бахшидааст, аз ҳама бузургтар аст ва ҳеҷ кас онҳоро аз дасти Падари Ман кашида гирифта наметавонад.
30Ману Падар як ҳастем».
31Яҳудиён боз барои сангсор кардани Ӯ санг бардоштанд.
32Исо ба онҳо гуфт: «Ман ба шумо аз ҷониби Падар бисёр корҳои нек нишон додаам, пас, барои кадоме аз онҳо шумо Маро сангсор кардан мехоҳед?»
33Онҳо ба Ӯ ҷавоб доданд: «Мо Туро на барои корҳои некат сангсор кардан мехоҳем, балки барои сухани кофиронаат, ки Ту инсон ҳастиву даъвои худоӣ мекунӣ!»
34Исо ҷавоб дод: «Магар дар шариати шумо навишта нашудааст: „Ман мегӯям, ки шумо худоён ҳастед?“
35ва ин навиштаҷот ҳеҷ вақт бекор карда намешавад. Пас, агар Худо касонеро, ки ба онҳо суханонаш равона шудаанд, „худоён“ номида бошад,
36чӣ тавр шумо суханони Маро, ки „Ман Писари Худо ҳастам“ гуфтам, кофирона мегӯед? Ба Ман, ба он касе мегӯед, ки Падар ҷудо карда, ба ҷаҳон фиристодааст?!
37Агар Ман корҳои Падарамро ба амал наоварам, ба Ман имон наоваред!

Read Юҳанно 10Юҳанно 10
Compare Юҳанно 10:28-37Юҳанно 10:28-37