Text copied!
Bibles in Tajik

Юҳанно 10:28-37 in Tajik

Help us?

Юҳанно 10:28-37 in Хушхабар

28 Ман ба онҳо ҳаёти абадӣ мебахшам ва онҳо ҳаргиз нобуд намешаванд ва касе наметавонад онҳоро аз дасти Ман бирабояд.
29 Падари Ман, ки онҳоро ба Ман бахшидааст, аз ҳама бузургтар аст ва ҳеҷ кас онҳоро аз дасти Падари Ман кашида гирифта наметавонад.
30 Ману Падар як ҳастем».
31 Яҳудиён боз барои сангсор кардани Ӯ санг бардоштанд.
32 Исо ба онҳо гуфт: «Ман ба шумо аз ҷониби Падар бисёр корҳои нек нишон додаам, пас, барои кадоме аз онҳо шумо Маро сангсор кардан мехоҳед?»
33 Онҳо ба Ӯ ҷавоб доданд: «Мо Туро на барои корҳои некат сангсор кардан мехоҳем, балки барои сухани кофиронаат, ки Ту инсон ҳастиву даъвои худоӣ мекунӣ!»
34 Исо ҷавоб дод: «Магар дар шариати шумо навишта нашудааст: „Ман мегӯям, ки шумо худоён ҳастед?“
35 ва ин навиштаҷот ҳеҷ вақт бекор карда намешавад. Пас, агар Худо касонеро, ки ба онҳо суханонаш равона шудаанд, „худоён“ номида бошад,
36 чӣ тавр шумо суханони Маро, ки „Ман Писари Худо ҳастам“ гуфтам, кофирона мегӯед? Ба Ман, ба он касе мегӯед, ки Падар ҷудо карда, ба ҷаҳон фиристодааст?!
37 Агар Ман корҳои Падарамро ба амал наоварам, ба Ман имон наоваред!
Юҳанно 10 in Хушхабар