21Исо боз ба онҳо гуфт: «Ман баъд аз чанд вақт меравам. Шумо Маро ҷустуҷӯ мекунед, вале бо гуноҳатон хоҳед мурд. Инчунин ба он ҷое, ки Ман меравам, шумо рафта наметавонед».
22Роҳбарони яҳудӣ гуфтанд: «Ӯ „Ба он ҷое, ки Ман меравам, шумо рафта наметавонед“ гуфта чиро дар назар дошт? Оё Ӯ худкушӣ кардан мехоҳад?»
23Исо ба онҳо гуфт: «Шумо аз олами поён ҳастед, вале Ман аз олами боло. Шумо аз ин ҷаҳон ҳастед, вале Ман аз ин ҷаҳон нестам.
24Ман ба шумо гуфтам, ки „бо гуноҳҳоятон хоҳед мурд“. Зеро, агар бовар накунед, ки он чӣ дар бораам гуфтам, Ман ҳастам, шумо ҳатман бо гуноҳҳоятон мемиред!»
25«Ту кистӣ?» — пурсиданд онҳо аз Исо. Ӯ ҷавоб дод: «Ман ҳамонам, ки аз аввал ба шумо гуфта будам.
26Ман барои айбдор кардани шумо чизҳои зиёде гуфта метавонам, вале касе, ки Маро фиристодааст, ҳақ аст ва Ман он чиро, ки аз Ӯ шунидам, ба ҷаҳон эълон мекунам».