22Мӯсо ба шумо анъанаи хатнаро фармуд (ин анъана на аз Мӯсо, балки аз аҷдодон мондааст) ва шумо писаронатонро ҳатто дар рӯзи истироҳат хатна мекунед.
23Агар шумо барои вайрон нашудани шариати Мӯсо дар рӯзи истироҳат писаратонро хатна мекарда бошед, пас чаро аз Ман хашмгин мешавед, ки дар рӯзи истироҳат инсонеро пурра шифо бахшидам?
24Аз рӯи намуди зоҳирӣ ҳукм накунед, балки аз рӯи адолат ҳукм кунед!»
25Баъзе аз сокинони Ерусалим гуфтанд: «Магар Ӯ ҳамон одам нест, ки Ӯро куштан мехоҳанд?
26Бинед, Ӯ рӯйирост таълим медиҳад ва касе ба Ӯ чизе намегӯяд. Наход ҳукуматдорон фаҳмида бошанд, ки Ӯ ҳақиқатан Таъиншудаи Худо аст?
27Мо бошем, аз куҷо будани ин одамро медонем. Аммо, вақте ки Таъиншудаи Худо меояд, аз куҷо будани Ӯро ҳеҷ кас намедонад».
28Он гоҳ Исо, ки дар Хонаи Худо машғули таълимдиҳӣ буд, хитоб карда гуфт: «Шумо Маро ва аз куҷо буданамро медонед-а? Ман аз номи худам наомадаам. Касе ки Маро фиристодааст, ҳақ аст. Шумо Ӯро намешиносед, вале
29Ман Ӯро мешиносам, чунки Ман аз пеши Ӯ омадаам ва Ӯ Маро фиристодааст».
30Сипас онҳо хостанд Ӯро дастгир кунанд, вале аз сабаби он ки вақти Ӯ ҳанӯз нарасида буд, касе ба Ӯ даст нарасонд.
31Бо вуҷуди он, аз байни мардум бисёриҳо ба Ӯ имон оварда мегуфтанд: «Вақте ки Таъиншудаи Худо меояд, магар аз ин одам бештар мӯъҷиза нишон дода метавонад?»