Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Юҳанно - Юҳанно 21

Юҳанно 21:6-24

Help us?
Click on verse(s) to share them!
6Вай ба онҳо гуфт: «Тӯрро аз тарафи рости қаиқ партоед ва моҳӣ медоред». Онҳо тӯр партофтанду аз сабаби зиёд будани моҳӣ онро ба қаиқ кашида натавонистанд.
7Он шогирде, ки Исо ӯро дӯст медошт, ба Петрус «Ин Худованд аст!» гуфт. Вақте Шимъӯни Петрус шунид, ки ин Худованд аст, либосашро пӯшиду (чунки либосашро кашида буд) худро ба об партофт.
8Шогирдони дигар бо қаиқ ба тарафи соҳил ҳаракат карда, тӯри пур аз моҳиро аз паси худ кашида оварданд. Онҳо аз соҳил на он қадар дур буданд, тахминан дар масофаи сад қадам.
9Вақте онҳо ба соҳил расиданд, гулханеро диданд, ки рӯи он моҳӣ гузошта шудааст ва дар паҳлӯи он нон ҳам буд.
10Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Аз моҳиҳои сайд кардаатон биёред».
11Шимъӯни Петрус ба қаиқ даромада, тӯри пур аз яксаду панҷоҳу се моҳии калонро аз об ба соҳил кашид. Бо вуҷуди ин қадар зиёд будани моҳӣ тӯр канда нашуд.
12Исо ба онҳо гуфт: «Биёед ва ноништа кунед». Аз шогирдон касе ҷуръат накард, ки «Ту кистӣ?» гуфта бипурсад, чунки онҳо фаҳмиданд, ки ин Худованд аст.
13Он гоҳ Исо пеш омада, нонро гирифту дар байни онҳо тақсим кард, инчунин моҳиҳоро ҳам.
14Ин бори сеюм буд, ки Исо баъд аз зинда шуданаш худро ба шогирдон нишон дод.
15Баъд аз хӯрдани хӯрок Исо ба Шимъӯни Петрус гуфт: «Эй Шимъӯни писари Юҳанно, оё ту Маро аз онҳо бештар дӯст медорӣ?» «Оре, Худованд, Ту медонӣ, ки ман Туро дӯст медорам», — ҷавоб дод Петрус. «Барраҳои Маро чарон», — гуфт Исо.
16Бори дуюм Исо ба ӯ гуфт: «Эй Шимъӯни писари Юҳанно, ту Маро дӯст медорӣ?» «Бале, Худованд, Ту медонӣ, ки ман Туро дӯст медорам», — ҷавоб дод Петрус. «Гӯсфандони Маро саробонӣ кун», — гуфт Исо.
17Бори сеюм Исо ба ӯ гуфт: «Эй Шимъӯни писари Юҳанно, ту Маро дӯст медорӣ?» Петрус ғамгин шуд, ки Исо бори сеюм аз ӯ мепурсад, ки Ӯро дӯст медорад ё не. «Худованд, ба Ту ҳама чиз маълум аст, — гуфт ӯ ба Исо. — Ту медонӣ, ки ман Туро дӯст медорам». Исо ба ӯ гуфт: «Гӯсфандони Маро чарон.
18Ба ту рост мегӯям, вақте ки ҷавон будӣ, худат камарбандатро баста ба ҳар ҷое, ки мехостӣ, мерафтӣ, вале вақте ки пир мешавӣ, дастҳои худро дароз мекунӣ ва каси дигар камарбандатро баста ба ҷое, ки намехоҳӣ, туро мебарад».
19Бо ин суханон Исо ба Петрус фаҳмонд, ки бо кадом роҳ марги Петрус Худоро шӯҳрату ҷалол хоҳад дод. Баъд ба Петрус гуфт: «Аз паси Ман биё».
20Петрус ба ақиб нигоҳ карда, шогирдеро дид, ки Исо ӯро дӯст медошт. Ӯ аз паси онҳо меомад. Ин ҳамон шогирде буд, ки дар вақти шом хӯрдан ба Исо такя карда пурсида буд: «Эй Худованд, кӣ ба Ту хиёнат мекунад?»
21Инак, Петрус ӯро дида, аз Исо пурсид: «Эй Худованд, бо ӯ чӣ мешавад?»
22Исо ҷавоб дод: «Агар Ман хоҳам, ки ӯ то вақти бозгаштанам зинда монад, ба ту ин чӣ дахл дорад? Ту аз паси Ман биё!»
23Бинобар ин дар байни имондорони Исо овозае паҳн шуд, ки гӯё он шогирд намемирад. Аммо Исо ба ӯ нагуфт, ки ӯ намемирад. Ӯ фақат гуфт, ки «Агар Ман хоҳам, ки ӯ то бозгаштанам зинда монад, ба ту ин чӣ дахл дорад?»
24Ин ҳамон шогирдест, ки ҳамаи инро навиштааст ва дар бораи ин чизҳо шаҳодат медиҳад ва мо медонем, ки шаҳодати ӯ рост аст.

Read Юҳанно 21Юҳанно 21
Compare Юҳанно 21:6-24Юҳанно 21:6-24