15Роҳбарони яҳудӣ тааҷҷуб карда мегуфтанд: «Аз куҷо Вай ин қадар дониш дорад, дар сурате ки дар ҳеҷ ҷо таълим нагирифтааст?»
16Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Таълимоти Ман аз худам нест, балки аз касест, ки Маро фиристодааст.
17Касе ки хости Худоро ба ҷо овардан мехоҳад, мефаҳмад, ки ин таълимот аз Худост ё Ман аз худ мегӯям.
18Ҳар кӣ аз номи худ сухан мегӯяд, барои худ шӯҳрат меҷӯяд, вале касе ки барои фиристандаи худ шӯҳрат ба даст овардан мехоҳад, ростқавл аст ва дар дили ӯ фиребе нест.
19Магар Мӯсо ба шумо шариатро надодааст? Бо вуҷуди ин ҳеҷ кадоми шумо онро риоя намекунед! Чаро Маро куштан мехоҳед?»