10Аммо, пас аз он ки бародаронаш ба ид рафтанд, Исо ҳам на ошкоро, балки пинҳонӣ ба он ҷо рафт.
11Дар вақти ид роҳбарони яҳудӣ Ӯро ҷустуҷӯ карданд. Онҳо «Ин одам дар куҷост?» гуфта мепурсиданд.
12Дар байни мардум низ дар хусуси Ӯ баҳси зиёде ба миён омад. «Вай одами хуб аст», — мегуфтанд баъзеҳо, дигарон эътироз карда «Не, Ӯ мардумро гумроҳ мекунад» мегуфтанд.
13Аммо ҳама аз роҳбарони яҳудиён тарсида, ошкоро дар бораи Ӯ сухане ҳам ба забон намегирифтанд.