52Амалдор аз онҳо пурсид, ки дар кадом соат ҳолаш хуб шуд. Онҳо ҷавоб дода гуфтанд: «Табаш дирӯз соати яки рӯз паст шуд».
53Он гоҳ падари бача фаҳмид, ки ин ҳамон соат рӯй дод, ки Исо ба ӯ «Писарат намемирад» гуфта буд. Пас ӯ бо тамоми аҳли хонаводааш ба Исо имон оварданд.
54Ин мӯъҷизаи дуюме буд, ки Исо баъди аз Яҳудия ба Ҷалил баргаштанаш нишон дода буд.