25Зан ба Ӯ гуфт: «Медонам, ки Таъиншудаи Худо бояд биёяд. Вақте ки Ӯ меояд, ҳама чизро ба мо баён мекунад».
26«Он кас Манам, ки бо ту сӯҳбат мекунам», — ҷавоб дод Исо.
27Ҳамин вақт шогирдони Исо аз шаҳр баргашта, ҳайрон монданд, ки Исо бо зане сӯҳбат мекунад. Лекин касе напурсид, ки Исо чӣ мехоҳад ё чаро бо он зан сӯҳбат мекунад.
28Зан кӯзаи худро монду ба шаҳр рафта, ба мардум гуфт:
29«Рафтем, шахсеро мебинед, ки ҳар кори дар зиндагӣ кардаамро ба ман як ба як гуфт. Шояд Ӯ Таъиншудаи Худо бошад?»
30Он гоҳ мардум аз шаҳр баромада ба назди Исо омаданд.
31Дар ин миён шогирдон аз Исо хоҳиш карда гуфтанд: «Устод, ягон чиз хӯред!»
32Исо ҷавоб дода гуфт: «Ман хӯроке дорам, ки шумо аз он бехабаред».
33Шогирдон боз ба ҳамдигар гуфтанд: «Шояд касе ба Ӯ хӯрок оварда бошад?»
34Исо ба онҳо гуфт: «Хӯроки Ман иҷро кардани хости Фиристандаам ва ба анҷом расондани корҳои ӯст.
35Магар шумо намегӯед, ки „Баъд аз чор моҳи дигар мавсими дарав фаро мерасад?“ Аммо Ман ба шумо мегӯям, ки чашмонатонро кушода, ба киштзор нигоҳ кунед, ки он чӣ гуна пухта расида, барои дарав тайёр шудааст!
36Даравгар ҳам музди худро мегирад ва ҳам барои ҳаёти абадӣ ҳосил ҷамъ мекунад, то ки ҳам коранда ва ҳам даравгар якҷоя хурсанд шаванд.
37Ин ҷо чунин сухан бамаврид аст: „Яке мекораду дигаре медаравад“.
38Ман шуморо барои даравидани ҳосиле фиристодам, ки шумо барои он заҳмат накашидаед, дигарон заҳмат кашидаанд, аммо шумо ба маҳсули меҳнати онҳо шарик шудаед».
39Мардуми зиёде аз сомариёни ин шаҳр ба туфайли суханони он зан, ки «ҳар кори дар зиндагӣ кардаамро ба ман як ба як баён кард» гуфта буд, ба Исо имон оварданд.
40Вақте ки сомариён ба назди Исо омада, аз Ӯ хоҳиш карданд, ки ҳамроҳи онҳо бимонад, Ӯ ду рӯз дар он ҷо монд.
41Он гоҳ шумораи зиёдтари мардум ба Исо аз рӯи суханони худи Ӯ имон оварданд.
42Онҳо ба он зан гуфтанд: «Акнун мо на аз барои суханони ту имон меоварем, балки худамон суханҳояшро шунида фаҳмидем, ки Вай ҳақиқатан Наҷотдиҳандаи ҷаҳон аст».
43Баъд аз ду рӯз Исо аз он ҷо баромада, ба Ҷалил рафт.