Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Юҳанно - Юҳанно 3

Юҳанно 3:22-30

Help us?
Click on verse(s) to share them!
22Баъд аз он Исо бо шогирдони худ ба сарзамини Яҳудия рафта, ҳамроҳи онҳо дар он ҷо монда, мардумро таъмид дод.
23Яҳё бошад, ин вақт дар Энони наздики Солим, ки дар он ҷо об фаровон буд, ба таъмид додан машғул буд. Мардум ба назди ӯ меомаданду таъмид мегирифтанд.
24Он вақт Яҳёро ҳанӯз ба зиндон наандохта буданд.
25Боре дар байни шогирдони Яҳё ва як нафар аз яҳудиён дар бораи расму таомули покшавӣ баҳс барпо шуд.
26Онҳо ба назди Яҳё омада, ба ӯ гуфтанд: «Устод, он касе, ки дар соҳили шарқии Урдун бо шумо буд ва шумо дар борааш шаҳодат дода будед, Ӯ ҳам таъмид дода истодааст ва ҳама пеши Ӯ мераванд!»
27Яҳё ҷавоб дод: «Инсон фақат он чизро дошта метавонад, ки аз осмон ба ӯ бахшида шудааст.
28Шумо худатон тасдиқ карда метавонед, ки „Ман Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо нестам“ гуфта будам, аммо пеш аз Ӯ фиристода шудаам.
29Домод соҳиби арӯс аст ва дӯсти домод бошад, дар паҳлӯи ӯ истода, овози домодро шунида хурсанд мешавад. Ҳамин тавр шодии ман пурра шуд.
30Ӯ бояд боз ҳам бузургтар шавад, аммо ман боз ҳам хурдтар.

Read Юҳанно 3Юҳанно 3
Compare Юҳанно 3:22-30Юҳанно 3:22-30