Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Юҳанно - Юҳанно 3

Юҳанно 3:16-24

Help us?
Click on verse(s) to share them!
16Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, намирад, балки ҳаёти абадӣ дошта бошад.
17Зеро Худо Писарро на барои ҳукм кардани ҷаҳон фиристод, балки барои он, ки ҷаҳон ба воситаи Ӯ наҷот ёбад.
18Ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, ҳукм карда намешавад, аммо ҳар кӣ имон наоварад, аллакай ҳукм карда шудааст, чунки ба номи Писари ягонаи Худо имон наовардааст.
19Ана ҳукм аз чӣ иборат аст: равшанӣ ба ҷаҳон омад, вале мардум торикиро аз рӯшноӣ зиёдтар дӯст доштанд, чунки корҳои онҳо бад аст.
20Ҳар касе, ки кори бад мекунад, аз равшанӣ нафрат дорад ва барои он ки корҳои бади ӯ ошкор нашаванд, ба сӯи рӯшноӣ намеояд.
21Аммо ҳар касе ки кори дуруст мекунад, ба сӯи рӯшноӣ меояд, то корҳои бо ёрии Худо кардааш ошкор шаванд».
22Баъд аз он Исо бо шогирдони худ ба сарзамини Яҳудия рафта, ҳамроҳи онҳо дар он ҷо монда, мардумро таъмид дод.
23Яҳё бошад, ин вақт дар Энони наздики Солим, ки дар он ҷо об фаровон буд, ба таъмид додан машғул буд. Мардум ба назди ӯ меомаданду таъмид мегирифтанд.
24Он вақт Яҳёро ҳанӯз ба зиндон наандохта буданд.

Read Юҳанно 3Юҳанно 3
Compare Юҳанно 3:16-24Юҳанно 3:16-24