5Модари Ӯ ба хизматгорон гуфт: «Ҳар чӣ Вай ба шумо бигӯяд, бикунед».
6Дар он ҷо шаш кӯзаи сангин барои об буд, ки аз рӯи урфу одати яҳудиён онро барои расму таомули покшавӣ истифода мебурданд. Ҳар кадоми онҳо аз ҳафтод то яксаду даҳ литр ғунҷоиш дошт.