1Ман, Яҳудо, бандаи Исои Масеҳ ва бародари Яъқуб ҳастам. Ба даъватшудагон, ки дар Худо Падар муҳаббат пайдо намуда, дар паноҳи Исои Масеҳ мебошанд,
2лутфу меҳрубонӣ, осоиштагӣ ва муҳаббат орзумандам!
3Дӯстони азиз, хеле мехостам ба шумо дар бораи наҷоти умумиямон нависам. Лекин ҳоло зарур донистам, ки ин номаро навишта, шуморо рӯҳбаланд созам, то барои имоне, ки боре ба муқаддасон дода шудааст, мубориза баред.
4Зеро баъзе касон, ки дар бораи маҳкум шуданашон ҳанӯз дар замони қадим навишта шудааст, пинҳонӣ дар миёни шумо ҷой гирифтаанд. Онҳо худобехабар буда, файзи Худои моро ҳамчун иҷозат ба бадахлоқии ҷинсӣ медонанд ва ягона Ҳокиму Худованди мо Исои Масеҳро рад мекунанд.
5Ҳоло мехоҳам он чиро, ки худатон хуб медонед, бори дигар ба шумо хотиррасон намоям. Худованд мардуми Худро аз замини Миср халос кард, вале сипас аз байнашон онҳоеро, ки бовар накарданд, нобуд сохт.
6Инчунин, фариштаҳо мақоми худро нигоҳ надошта, манзили худро тарк карданд. Ӯ онҳоро дар торикии абадӣ занҷирбанд намуда, барои рӯзи бузурги қиёмат нигоҳ медорад.
7Мисли ин фариштаҳо, шаҳрҳои Садӯму Амӯро ва деҳоти гирду атрофи онҳо, ки ба бадахлоқии ҷинсӣ ва хоҳишҳои ғайритабиӣ дода шуда буданд, ҳамчун намуна гирифтори ҷазои оташи абадӣ гаштанд.
8Ин одамон дар асоси хобҳои дидаашон ҷисмашонро ҳаром мекунанд ва қудрати Худовандро рад менамоянду ҷалолдорони осмониро дашном медиҳанд.
9Ҳол он ки ҳатто фариштаи бузург Микоил чун бо иблис дар бораи ҷасади Мусо пайғамбар баҳс мекард, ба худ раво надид, ки ӯро бо дашном ҳукм намояд. Ӯ ба иблис танҳо гуфт, ки бигзор Худованд сазои туро диҳад.
10Ин одамон намедонанд, ки киро дашном медиҳанд. Лекин он чӣ ки табиатан, мисли ҳайвони беақл мефаҳманд, онҳоро нобуд мекунад.
11Вой бар ҳоли чунин одамон, чунки бо роҳи Қоин мераванд, пул гуфта, гирифтори хатои Билъом шудаанд ва саркашӣ намуда, мисли Қӯраҳ нобуд мешаванд.
12Онҳо ҳангоми хӯроки шомҳои муҳаббат байни шумо мисли санги пешпое нишаста, бе тарсу ҳарос худро мепарваранд. Онҳо абрҳои беобанд, ки бод мебарад ва дарахтони бемеваанд, ки дар тирамоҳ решакан мешаванд ва дубора мемиранд.
13Онҳо мавҷҳои шадиди баҳранд, ки шармандагии худро мисли кафк рӯйи об мебароранд. Онҳо ситорагони овораанд, ки барои ҳамеша ба торикии зулмонӣ хоҳанд рафт.
14Ҳамчунин, Ҳанӯҳ, ки насли ҳафтуми Одам буд, дар бораи онҳо пешгӯйӣ намуда гуфтааст: «Бингар, Худованд бо ҳазор-ҳазор муқаддасони Худ меояд.
15Меояд то ки ҳамаро маҳкум намояд ва ҷони ҳар гунаҳкорро мувофиқи кирдори бадаш ва суханони бешармонааш, ки ба Ӯ гуфтааст, ҷазо диҳад».
16Онҳо ҳамеша шикоят мекунанд ва баҳона меҷӯянд, аз пайи хоҳишҳои худ ҳастанд, бо худ меболанд ва барои фоидаи худ хушомад мезананд.
17Аммо шумо, дӯстон, суханони фиристагони Худовандамон Исои Масеҳро, ки пеш ба шумо гуфта буданд, дар ёд доред.
18Онҳо ба шумо чунин мегуфтанд: «Дар охирзамон масхарабозоне ба миён меоянд, ки аз пайи хоҳишҳои бади худ мераванд».
19Онҳо ҷудоӣ меандозанд, мувофиқи майлҳои ҷисмонӣ рафтор мекунанд, лекин Рӯҳи Худоро надоранд.
20Аммо шумо, дӯстони азиз, бо Рӯҳи Пок пайваста дуо карда, худро бар имони поктаринатон бунёд кунед.
21Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред, чунки ҳоло умедвори марҳамати Худовандамон Исои Масеҳ барои ҳаёти абадӣ мешавед.
22Нисбат ба онҳое, ки дудила ҳастанд, раҳмдил бошед.
23Баъзеро гӯё аз дами оташ кашида, наҷот диҳед. Нисбати баъзеи дигар бо эҳтиёт дилсӯзӣ намоед, ҳатто ба либосе, ки олудаи ҷисми гунаҳкор аст, даст нарасонед.
24Ба Ӯ, ки шуморо аз гуноҳ нигоҳ дошта, бе камбудӣ ва бо шодмонӣ пеши ҷалоли Худ оварда метавонад, яъне
25бар Худои ягона, ки ба воситаи Худованд Исои Масеҳ наҷоткори мо шудааст, дар тӯли асрҳо, аз имрӯз то абад бузургиву ҷалолат ва нерӯву қудрат бод! Омин!