Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Ёқуб - Ёқуб 1

Ёқуб 1:4-22

Help us?
Click on verse(s) to share them!
4Тоқати шумо бояд пурра обутоб ёбад, он вақт шумо шахси комил ва баркамол расида шуда, бароятон ҳеҷ чиз камӣ намекунад.
5Аммо агар ба шумо хирад камӣ кунад, метавонед аз Худо онро талаб кунед ва Ӯ, ки ба ҳама бо дасти кушод ва бе таънаву миннат медиҳад, ба шумо низ хирад мебахшад.
6Вале ҳангоми талаб кардан бояд бешакку шубҳа боварӣ дошта бошед, ки Ӯ медиҳад. Зеро касе, ки шубҳа мекунад, монанди мавҷи баҳр аст, ки бо вазидани шамол пасту баланд мешавад.
7Бигзор чунин шахс фикр накунад, ки аз ҷониби Худованд чизе гирифта метавонад,
8чунки ӯ дудила буда, дар ҳар қарори худ ноустувор аст.
9Бародари бечора бояд аз он фахр кунад, ки Худо ӯро сарбаланд кардааст.
10Сарватманд бошад, аз он фахр кунад, ки Худо ӯро хоксор мегардонад, чунки умри ӯ мисли гули саҳро мегузарад.
11Чуноне ки аз нурҳои сӯзони офтоб сабзаҳо хушкида ва баргҳои гул рехтаву аз зебоиаш чизе боқӣ намемонад, сарватманд низ ҳангоми саргармии машғулияташ аз ин дунё меравад.
12Хушбахт он касест, ки дар вақти санҷишҳо сабру тоқат дорад, зеро ҳангоме ки аз ин гуна имтиҳони зиндагӣ мегузарад, тоҷи ҳаётро ба даст меорад. Ин тоҷро Худо ба дӯстдорони худ ваъда додааст.
13Аммо, вақте ба васваса меафтед, нагӯед, ки «Худо маро месанҷад», чунки Худо худ ба васваса намеафтад ва дигаронро низ ба васваса намеандозад.
14Балки ҳар шахс он вақт ба васваса меафтад, ки ҳаваси бад мекунаду баъд саргарми он ҳавас шуда, ба доми васваса меафтад.
15Сипас, ҳамин ки дили вай бо ин ҳавас ҳомиладор мешавад, гуноҳро таваллуд мекунад. Гуноҳ бошад, ба воя расида, маргро таваллуд мекунад.
16Пас, эй бародарони азизам, фиреб нахӯред,
17балки бидонед, ки ҳар неъмати нек ва бекамбудӣ аз боло, яъне аз ҷониби Падар меояд, ки Ӯ Офарандаи офтобу моҳ ва ситораҳо мебошад. Агарчи ин ҷисмҳои осмонӣ гоҳе равшану гоҳе тира мешаванд, Худо ҳеҷ вақт тағйир намеёбад.
18Ӯ аз рӯйи хости худ ба воситаи каломи ростӣ ба мо ҳаёти навро бахшидааст, то ки мо дар байни ҳамаи офаридаҳои Ӯ ҳамчун ҳосили аввал бошем.
19Бародарони азизам, дар ёд дошта бошед, ки ҳар кас бояд ба гӯш кардан чусту чолок бошаду ба гуфтану ғазаб кардан саросема нашавад.
20Чунки қаҳру ғазаби инсон он ҳаёти дурустеро, ки аз рӯйи хости Худо аст, ба амал намеорад.
21Бинобар ин ҳар бадӣ ва бадахлоқии одатшударо аз худ дур намоед ва каломи ба дилатон кошташударо хоксорона қабул кунед, ки ин калом ҷонатонро наҷот дода метавонад.
22Худро фиреб дода, гумон накунед, ки фақат шунидани каломи Худо басанда аст, балки гуфтаҳои онро ба ҷо оваред.

Read Ёқуб 1Ёқуб 1
Compare Ёқуб 1:4-22Ёқуб 1:4-22