1Аз роҳбари ҷамоати имондорон ба хонуме, ки Худо интихоб кардааст, ва фарзандони вай, ки ба ростӣ дӯсташон медорам. Мо ҳарду ҳамон як ростиро дӯст медорем, ки он дар мо ҳоло мебошад ва то абад бо мо мемонад. На фақат ман шуморо дӯст медорам, балки ҳамаи онҳое ҳам, ки ростиро мешиносанд.
3Бигзор файзу раҳмат ва сулҳу осоиштагӣ аз ҷониби Худо-Падар ва Исои Масеҳ, Писари Падар бо мо, ки ростиро медонем ва якдигарро дӯст медорем, бошад.
4Аз фаҳмидани он, ки баъзе фарзандони шумо мувофиқи фармоиши Падар дар роҳи ростӣ зиндагӣ мекунанд, бениҳоят хурсанд шудам.
5Ҳоло ҳам, хонуми мӯҳтарам, ба шумо на фармони нав, балки ҳамонеро, ки аз аввал доштем, менависам ва хоҳиш мекунам, ки ҳамаамон якдигарро дӯст дорем.
6Муҳаббат бошад, дар ин аст, ки мо ба фармонҳои Худо итоат намуда, зиндагӣ кунем. Фармони Ӯ ҳамонест, ки аз аввал шунидаед, яъне бо роҳи муҳаббат равед.
7Дар ҷаҳон бисёр фиребгарон баромадаанд, ки дар ҷисм омадани Исои Масеҳро қабул намекунанд. Ин хел одамон фиребгар ва душмани Масеҳ ҳастанд.
8Эҳтиёт шавед, то чизеро, ки барояш заҳмат кашидаем, аз даст надиҳед. Баръакс ба мукофоти пурра ноил гардед.
9Ҳар кӣ таълимоти Масеҳро иҷро намекунаду аз ҳадду ҳудуди он мебарояд бо Худо нест. Аммо касе, ки дар ин таълимот мемонад, ҳам бо Падар ва ҳам бо Писар мебошад.
10Агар касе пеши шумо ояду ин таълимотро наоварад, ӯро ба хонаатон роҳ надиҳед ва қабул накунед.
11Зеро касе, ки ӯро қабул мекунад, шарики корҳои бади ӯ мегардад.
12Боз чизи зиёд ба шумо гуфтанӣ ҳастам, вале бар ивази истифода бурдани коғазу ранг, умедворам, ки шуморо хабар гирифта чашм ба чашм сӯҳбат кунем, то ки шодиамон лабрез гардад.
13Фарзандони хоҳари интихобшудаат салом мегӯянд.