Text copied!
Bibles in Tajik

Юҳанно 6:16-42 in Tajik

Help us?

Юҳанно 6:16-42 in Хушхабар

16 Вақти шаб шуд, шогирдони Исо ба лаби баҳр фаромаданд
17 ва ба қаиқ савор шуда, ба соҳили дигари баҳр, ба сӯи Кафарнаҳум равона шуданд. Рӯз аллакай торик шуд, вале Исо ҳанӯз ба наздашон наомада буд.
18 Аз сабаби вазидани шамоли сахт баҳр ба талотум омад.
19 Вақте онҳо ба масофаи панҷ-шаш километр қаиқро ронда рафтанд, Исоро диданд, ки дар рӯи об қадамзанон ба қаиқ наздик мешавад. Онҳо тарсиданд.
20 «Натарсед, ин Манам!» — гуфт ба онҳо Исо.
21 Онҳо мехостанд, ки Ӯро ба қаиқ гиранд, вале қаиқ ҳамон замон ба соҳиле, ки онҳо равона буданд, омада расид.
22 Рӯзи дигар мардуме, ки дар соҳили дигари баҳр монда буданд, фаҳмиданд, ки шогирдони Исо ба ягона қаиқе, ки дар он ҷо буд, савор шуда рафтаанд. Онҳо боз дида буданд, ки Исо ҳангоми ба қаиқ савор шудани шогирдонаш ба онҳо ҳамроҳ нашуд ва онҳо бе Ӯ рафта буданд.
23 Он вақт одамон аз Табария дар якчанд қаиқ ба наздикии маҳале омаданд, ки дар он ҷо пас аз дуои шукронаи Худованд нон хӯрда буданд.
24 Вақте мардум диданд, ки дар он ҷо на Исо ҳасту на шогирдонаш, ба қаиқҳо савор шуда, ба ҷустуҷӯи Ӯ ба Кафарнаҳум рафтанд.
25 Баъд Ӯро дар он тарафи баҳр ёфта, аз Ӯ пурсиданд: «Устод, Шумо кай ба ин ҷо омадед?»
26 Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Ба шумо рост мегӯям, ки шумо Маро на аз барои он ки мӯъҷизаҳоямро дидаед, ҷустуҷӯ мекунед, балки аз барои он ки то сер шудан нон хӯрдед!
27 На барои хӯроки нестшаванда, балки барои хӯроке, ки то ҳаёти абадӣ мемонад, меҳнат кунед. Ин хӯрокро Фарзанди Инсон ба шумо медиҳад, чунки Худо-Падар ба иҷрои ин кор ба Ӯ розигиашро додааст».
28 Онҳо аз Вай пурсиданд: «Барои иҷро кардани талаби Худо мо чӣ бояд кунем?»
29 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Талаби Худо ин аст, ки ба каси фиристодааш имон оваред».
30 Онҳо пурсиданд: «Ту ба мо чӣ мӯъҷизае нишон медиҳӣ, ки мо онро дида ба Ту имон оварем? Ту чӣ кор мекунӣ?
31 Аҷдодони мо дар биёбон нони манна хӯрданд. Чунон ки дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки Ӯ барои хӯрдан ба онҳо аз осмон нон дод».
32 Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ба шумо рост мегӯям, ки нонро аз осмон ба шумо Мӯсо надодааст, ин Падари Ман аст, ки ба шумо аз осмон нони ҳақиқӣ медиҳад.
33 Зеро нони Худо он аст, ки аз осмон поён меояду ба ҷаҳон ҳаёт мебахшад».
34 «Хоҷаам, — гуфтанд онҳо, — ба мо ҳамеша чунин нон бидеҳ!»
35 Исо ба онҳо гуфт: «Ман нони ҳаёт ҳастам. Ҳар касе ки назди Ман биёяд, гурусна нахоҳад монд ва ҳар касе ки ба Ман имон оварад, ҳаргиз ташна нахоҳад шуд.
36 Аммо, чунон ки Ман ба шумо гуфта будам, шумо Маро дидед, вале бовар намекунед.
37 Ҳар касе ки ӯро Падар ба Ман ато кардааст, сӯи Ман хоҳад омад ва ҳар касе ки ба назди Ман биёяд, Ман ӯро берун нахоҳам ронд.
38 Зеро Ман аз осмон на барои иҷро кардани иродаи худ, балки барои иҷро кардани иродаи фиристандаам фаромадаам.
39 Иродаи фиристандаи Ман ин аст, ки аз он касоне, ки Ӯ ба Ман ато кардааст, ҳеҷ якеро аз даст надиҳам, балки дар рӯзи қиёмат онҳоро зинда гардонам.
40 Зеро иродаи Падари Ман ин аст: ҳар кас ки Писарро бинаду ба Ӯ имон оварад, ҳаёти абадӣ ба даст оварад ва дар рӯзи қиёмат Ман ӯро зинда мекунам».
41 Он гоҳ дар байни мардум барои он ғавғо бархост, ки Ӯ «Ман нонам, ки аз осмон фаромадаам» гуфт.
42 Онҳо гуфтанд: «Магар ин ҳамон Исои писари Юсуф нест, ки ҳам падар ва ҳам модари Ӯро мешиносем? Акнун Ӯ чӣ тавр „Ман аз осмон фаромадаам“ гуфта метавонад?»
Юҳанно 6 in Хушхабар