Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Юҳанно - Юҳанно 6

Юҳанно 6:16-42

Help us?
Click on verse(s) to share them!
16Вақти шаб шуд, шогирдони Исо ба лаби баҳр фаромаданд
17ва ба қаиқ савор шуда, ба соҳили дигари баҳр, ба сӯи Кафарнаҳум равона шуданд. Рӯз аллакай торик шуд, вале Исо ҳанӯз ба наздашон наомада буд.
18Аз сабаби вазидани шамоли сахт баҳр ба талотум омад.
19Вақте онҳо ба масофаи панҷ-шаш километр қаиқро ронда рафтанд, Исоро диданд, ки дар рӯи об қадамзанон ба қаиқ наздик мешавад. Онҳо тарсиданд.
20«Натарсед, ин Манам!» — гуфт ба онҳо Исо.
21Онҳо мехостанд, ки Ӯро ба қаиқ гиранд, вале қаиқ ҳамон замон ба соҳиле, ки онҳо равона буданд, омада расид.
22Рӯзи дигар мардуме, ки дар соҳили дигари баҳр монда буданд, фаҳмиданд, ки шогирдони Исо ба ягона қаиқе, ки дар он ҷо буд, савор шуда рафтаанд. Онҳо боз дида буданд, ки Исо ҳангоми ба қаиқ савор шудани шогирдонаш ба онҳо ҳамроҳ нашуд ва онҳо бе Ӯ рафта буданд.
23Он вақт одамон аз Табария дар якчанд қаиқ ба наздикии маҳале омаданд, ки дар он ҷо пас аз дуои шукронаи Худованд нон хӯрда буданд.
24Вақте мардум диданд, ки дар он ҷо на Исо ҳасту на шогирдонаш, ба қаиқҳо савор шуда, ба ҷустуҷӯи Ӯ ба Кафарнаҳум рафтанд.
25Баъд Ӯро дар он тарафи баҳр ёфта, аз Ӯ пурсиданд: «Устод, Шумо кай ба ин ҷо омадед?»
26Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Ба шумо рост мегӯям, ки шумо Маро на аз барои он ки мӯъҷизаҳоямро дидаед, ҷустуҷӯ мекунед, балки аз барои он ки то сер шудан нон хӯрдед!
27На барои хӯроки нестшаванда, балки барои хӯроке, ки то ҳаёти абадӣ мемонад, меҳнат кунед. Ин хӯрокро Фарзанди Инсон ба шумо медиҳад, чунки Худо-Падар ба иҷрои ин кор ба Ӯ розигиашро додааст».
28Онҳо аз Вай пурсиданд: «Барои иҷро кардани талаби Худо мо чӣ бояд кунем?»
29Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Талаби Худо ин аст, ки ба каси фиристодааш имон оваред».
30Онҳо пурсиданд: «Ту ба мо чӣ мӯъҷизае нишон медиҳӣ, ки мо онро дида ба Ту имон оварем? Ту чӣ кор мекунӣ?
31Аҷдодони мо дар биёбон нони манна хӯрданд. Чунон ки дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки Ӯ барои хӯрдан ба онҳо аз осмон нон дод».
32Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ба шумо рост мегӯям, ки нонро аз осмон ба шумо Мӯсо надодааст, ин Падари Ман аст, ки ба шумо аз осмон нони ҳақиқӣ медиҳад.
33Зеро нони Худо он аст, ки аз осмон поён меояду ба ҷаҳон ҳаёт мебахшад».
34«Хоҷаам, — гуфтанд онҳо, — ба мо ҳамеша чунин нон бидеҳ!»
35Исо ба онҳо гуфт: «Ман нони ҳаёт ҳастам. Ҳар касе ки назди Ман биёяд, гурусна нахоҳад монд ва ҳар касе ки ба Ман имон оварад, ҳаргиз ташна нахоҳад шуд.
36Аммо, чунон ки Ман ба шумо гуфта будам, шумо Маро дидед, вале бовар намекунед.
37Ҳар касе ки ӯро Падар ба Ман ато кардааст, сӯи Ман хоҳад омад ва ҳар касе ки ба назди Ман биёяд, Ман ӯро берун нахоҳам ронд.
38Зеро Ман аз осмон на барои иҷро кардани иродаи худ, балки барои иҷро кардани иродаи фиристандаам фаромадаам.
39Иродаи фиристандаи Ман ин аст, ки аз он касоне, ки Ӯ ба Ман ато кардааст, ҳеҷ якеро аз даст надиҳам, балки дар рӯзи қиёмат онҳоро зинда гардонам.
40Зеро иродаи Падари Ман ин аст: ҳар кас ки Писарро бинаду ба Ӯ имон оварад, ҳаёти абадӣ ба даст оварад ва дар рӯзи қиёмат Ман ӯро зинда мекунам».
41Он гоҳ дар байни мардум барои он ғавғо бархост, ки Ӯ «Ман нонам, ки аз осмон фаромадаам» гуфт.
42Онҳо гуфтанд: «Магар ин ҳамон Исои писари Юсуф нест, ки ҳам падар ва ҳам модари Ӯро мешиносем? Акнун Ӯ чӣ тавр „Ман аз осмон фаромадаам“ гуфта метавонад?»

Read Юҳанно 6Юҳанно 6
Compare Юҳанно 6:16-42Юҳанно 6:16-42