Text copied!
Bibles in Tajik

Юҳанно 4:46-53 in Tajik

Help us?

Юҳанно 4:46-53 in Хушхабар

46 Исо боз ба Қанои Ҷалил, ки пештар дар он ҷо обро ба шароб табдил дода буд, омад. Дар Кафарнаҳум писари як амалдори дарбор бемор буд.
47 Ин амалдор аз Яҳудия ба Ҷалил омадани Исоро шунида ба назди Ӯ омад ва илтиҷо кард, ки ба Кафарнаҳум омада, писари ӯро, ки дар дами марг буд, шифо бахшад.
48 Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Шумо то ягон нишона ва мӯъҷизае набинед, имон намеоваред».
49 «Хоҷаам! Писарам ҳанӯз намурда биёед!» — гуфт амалдори дарбор.
50 Исо гуфт: «Ба хонаат баргард, писарат намемирад». Он мард ба суханони Исо имон оварда, сӯи хонааш раҳсипор шуд.
51 Ҳанӯз дар аснои роҳ хизматгоронаш ӯро пешвоз гирифта гуфтанд, ки писари ӯ зинда аст.
52 Амалдор аз онҳо пурсид, ки дар кадом соат ҳолаш хуб шуд. Онҳо ҷавоб дода гуфтанд: «Табаш дирӯз соати яки рӯз паст шуд».
53 Он гоҳ падари бача фаҳмид, ки ин ҳамон соат рӯй дод, ки Исо ба ӯ «Писарат намемирад» гуфта буд. Пас ӯ бо тамоми аҳли хонаводааш ба Исо имон оварданд.
Юҳанно 4 in Хушхабар