Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Юҳанно - Юҳанно 4

Юҳанно 4:46-53

Help us?
Click on verse(s) to share them!
46Исо боз ба Қанои Ҷалил, ки пештар дар он ҷо обро ба шароб табдил дода буд, омад. Дар Кафарнаҳум писари як амалдори дарбор бемор буд.
47Ин амалдор аз Яҳудия ба Ҷалил омадани Исоро шунида ба назди Ӯ омад ва илтиҷо кард, ки ба Кафарнаҳум омада, писари ӯро, ки дар дами марг буд, шифо бахшад.
48Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Шумо то ягон нишона ва мӯъҷизае набинед, имон намеоваред».
49«Хоҷаам! Писарам ҳанӯз намурда биёед!» — гуфт амалдори дарбор.
50Исо гуфт: «Ба хонаат баргард, писарат намемирад». Он мард ба суханони Исо имон оварда, сӯи хонааш раҳсипор шуд.
51Ҳанӯз дар аснои роҳ хизматгоронаш ӯро пешвоз гирифта гуфтанд, ки писари ӯ зинда аст.
52Амалдор аз онҳо пурсид, ки дар кадом соат ҳолаш хуб шуд. Онҳо ҷавоб дода гуфтанд: «Табаш дирӯз соати яки рӯз паст шуд».
53Он гоҳ падари бача фаҳмид, ки ин ҳамон соат рӯй дод, ки Исо ба ӯ «Писарат намемирад» гуфта буд. Пас ӯ бо тамоми аҳли хонаводааш ба Исо имон оварданд.

Read Юҳанно 4Юҳанно 4
Compare Юҳанно 4:46-53Юҳанно 4:46-53