Text copied!
Bibles in Tajik

Юҳанно 20:2-15 in Tajik

Help us?

Юҳанно 20:2-15 in Хушхабар

2 Ӯ давида назди Шимъӯни Петрус ва шогирди дигар, ки Исо ӯро дӯст медошт, омада, ба онҳо гуфт: «Онҳо Худованди моро аз қабр бурдаанд ва мо намедонем, ки Ӯро ба куҷо гузоштаанд».
3 Пас, Петрус ва он шогирди дигар ба тарафи қабр равона шуданд.
4 Ҳардуи онҳо медавиданд, вале он шогирди дигар аз Петрус тезтар давида, аввалин шуда ба сари қабр расида омад.
5 Ӯ хам шуда кафанро дид, вале ба даруни қабр надаромад.
6 Аз паси ӯ Шимъӯни Петрус ҳам давида омад. Вай ба даруни қабр даромада, дид, ки кафан ҳаст ва
7 матое, ки дар сари Исо буд, на бо кафан, балки дар каноре ҷудо печонда шудааст.
8 Он гоҳ шогирди дигар ҳам, ки аввалин шуда ба сари қабр омада буд, ба қабр даромаду ҳамаи инро дида имон овард.
9 Онҳо ҳанӯз суханони навиштаҷотро намефаҳмиданд, ки дар бораи Ӯ гуфта шуда буд, ки бояд баъд аз марг зинда шавад.
10 Шогирдон ба хонаашон баргаштанд.
11 Аммо Марям берун аз қабр истода гиря мекард. Ӯ гирякунон хам шуда ба даруни қабр нигоҳ кард
12 ва ду фариштаи сафедпӯшро дид, ки дар ҷое, ки пештар Исо гузошта шуда буд, нишастаанд, яке аз тарафи сар ва дигаре аз тарафи пой.
13 «Эй зан, чаро гиря мекунӣ?» — пурсиданд онҳо. Марям ба онҳо ҷавоб дод: «Худованди маро бурдаанд ва ман намедонам, ки Ӯро дар куҷо гузоштаанд».
14 Инро гуфта, ӯ ба қафо рӯ гардонду дид, ки дар рӯ ба рӯи ӯ Исо истодааст. Вале ӯ надонист, ки ин Исо аст.
15 Исо ба вай гуфт: «Эй зан, чаро гиря мекунӣ? Ту киро меҷӯӣ?» Марям Ӯро боғбон фикр карда ба Ӯ гуфт: «Эй хоҷа, агар шумо Ӯро бурда бошед, ба ман бигӯед, ки дар куҷо гузоштаед, то Ӯро гирифта барам».
Юҳанно 20 in Хушхабар