Text copied!
Bibles in Tajik

Юҳанно 20:18-31 in Tajik

Help us?

Юҳанно 20:18-31 in Хушхабар

18 Марями Маҷдалия ба назди шогирдон омада, дар бораи Худовандро диданаш ба онҳо хабар дод. Инчунин суханони Исоро, ки ба ӯ гуфта буд, ба онҳо нақл кард.
19 Бегоҳии худи ҳамон рӯз, яъне рӯзи якшанбе, вақте ки шогирдон якҷоя ҷамъ шуда, аз тарси роҳбарони халқ дарҳоро маҳкам баста менишастанд, Исо омаду дар миёни онҳо истода гуфт: «Ба шумо оромӣ мехоҳам».
20 Инро гуфта, дастҳо ва паҳлӯяшро ба онҳо нишон дод. Шогирдон аз дидани Худовандашон хурсанд шуданд.
21 «Ба шумо оромӣ мехоҳам! — такрор кард Исо. — Чунон ки Падар Маро фиристодааст, Ман низ шуморо мефиристам».
22 Баъд аз ин суханон Ӯ бар онҳо пуф карда, гуфт: «Рӯҳи Муқаддасро қабул кунед!
23 Гуноҳи касонеро, ки бубахшед, ба онҳо бахшида мешавад ва онҳоеро, ки набахшед, гуноҳ дар гардани онҳо мемонад».
24 Тумо, яке аз он дувоздаҳ шогирди Исо, ки боз Дугоник номида мешуд, ҳангоми омадани Исо дар он ҷо ҳамроҳи онҳо набуд.
25 Шогирдони дигар ба ӯ гуфтанд: «Мо Худовандро дидем!» Вале ӯ ба онҳо ҷавоб дод: «То бо чашмони худам изҳои мехро дар дастони Ӯ набинам ва ангуштамро ба он нагузорам ва дастамро ба захми паҳлӯяш намонам, бовар намекунам!»
26 Баъд аз як ҳафта шогирдон боз ҷамъ омаданд ва Тумо ҳам ҳамроҳи онҳо буд. Дар баста буд, вале Исо омада, дар миёни онҳо истоду гуфт: «Ба шумо оромӣ мехоҳам!»
27 Баъд ба Тумо гуфт: «Ангуштатро ба ин ҷо гузору дастонамро бин ва дастатро ба захми паҳлӯям гузор! Дигар шубҳа накуну бовар кун!»
28 Тумо ба Вай ҷавоб дод: «Эй Худованди ман, Худои ман!»
29 Он гоҳ Исо ба ӯ гуфт: «Магар аз сабаби он бовар мекунӣ, ки Маро мебинӣ? Вале хушбахтанд онҳое, ки Маро надида имон овардаанд».
30 Исо дар ҳузури шогирдони худ бисёр мӯъҷизоти дигареро ҳам нишон дода буд, ки дар бораи онҳо дар ин китоб гуфта нашудааст.
31 Вале ҳамаи ин барои он навишта шудааст, ки шумо ба Таъиншуда ва Писари Худо будани Исо имон овареду ба воситаи имон ба Ӯ ҳаёти абадӣ ёбед.
Юҳанно 20 in Хушхабар