Text copied!
Bibles in Tajik

Юҳанно 1:2-34 in Tajik

Help us?

Юҳанно 1:2-34 in Хушхабар

2 Вай дар аввал бо Худо буд
3 ва ҳама чиз ба воситаи Ӯ офарида шуду бе Ӯ ҳеҷ чизе аз офариниш пайдо нашуд.
4 Дар Ӯ ҳаёт буд ва ин ҳаёт барои одамон равшанӣ буд.
5 Равшанӣ дар торикӣ медурахшад ва торикӣ онро фаро гирифта наметавонад.
6 Марде бо номи Яҳё аз тарафи Худо фиристода мешавад,
7 ки дар бораи равшанӣ шаҳодат диҳаду ҳама ба воситаи Ӯ имон оваранд.
8 Яҳё худ равшанӣ набуд, вале барои он омад, ки дар бораи равшанӣ шаҳодат диҳад.
9 Он равшании ҳақиқие, ки ба ҳамаи одамон медурахшад, ба ҷаҳон омаданӣ буд.
10 Калом дар ҷаҳон буд ва мардуми ҷаҳон ба воситаи Ӯ офарида шуда бошанд ҳам, Ӯро нашинохтанд.
11 Вай ба назди қавмаш омад, вале онҳо Ӯро қабул накарданд.
12 Аммо ба касоне, ки Ӯро қабул карданд ва ба Ӯ имон оварданд, ҳуқуқ дод, ки фарзандони Худо шаванд.
13 Онҳо на ба таври табиӣ ва на аз рӯи хоҳиши инсонӣ, балки аз Худо таваллуд ёфтаанд.
14 Инак, Калом инсон шуд ва дар миёни мо истиқомат дошт. Мо шӯҳрату ҷалоли Ӯро дидем, ки мисли ҷалоли фарзанди ягонаи Падар пур аз марҳамату ростӣ буд.
15 Яҳё дар бораи Ӯ шаҳодат доду бо овози баланд гуфт: «Ман Ӯро дар назар дошта ба шумо гуфта будам, ки баъд аз ман каси аз ман бузургтаре меояд, чунки Вай пеш аз ман вуҷуд дошт».
16 Аз фаровонии файзи Ӯ ҳамаи мо баракат аз паси баракат ёфтаем.
17 Худо шариатро ба воситаи Мӯсо додааст, вале файзу ростӣ ба воситаи Исои Масеҳ омад.
18 Худоро ҳеҷ гоҳ касе надидааст. Ӯро фақат Писари яккаву ягона, ки ҳамеша бо Падар аст, барои мо ошкор кардааст.
19 Вақте роҳбарони яҳудӣ аз Ерусалим ба назди Яҳё чанд нафар рӯҳониён ва левизодагонро фиристоданд, то аз ӯ кӣ буданашро бипурсанд, Яҳё аз ҷавоб рӯ нагардонду ошкоро эълон карда, чунин шаҳодат дод: «Ман Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо нестам».
21 Онҳо боз пурсиданд: «Пас, шумо кистед? Оё Илёс пайғамбаред?» «Не», — ҷавоб дод ӯ. «Ё ҳамон пайғамбаред, ки мунтазираш ҳастем?» «Не», — гуфт ӯ.
22 Онҳо пурсиши худро давом доданд: «Охир, шумо кистед? Мо бояд ба касоне, ки моро фиристодаанд, ҷавоб диҳем. Шумо дар бораи худ чӣ мегӯед?»
23 Яҳё бо суханоне, ки Ишаъё пайғамбар гуфта буд, ҷавоб дод: «Ман касе ҳастам, ки дар биёбон фарёд зада мегӯяд: „Барои Худованд роҳро рост намоед!“».
24 Аз тарафи фарисиён низ фиристодашудагоне буданд,
25 ки аз ӯ пурсиданд: «Модоме ки шумо на Таъиншудаи Худо, на Илёс ва на ҳамон пайғамбаре ҳастед, ки дар мунтазираш ҳастем, пас чаро мардумро таъмид медиҳед?»
26 «Ман бо об таъмид медиҳам, — ҷавоб дод Яҳё. — Вале дар байни шумо шахсе ҳаст, ки баъд аз ман меояд ва ман ҳатто лоиқи он нестам, ки банди пойафзолашро кушоям. Шумо Ӯро намешиносед».
28 Ҳамаи ин воқеа дар Байт-Ҳинӣ, дар соҳили дигари дарёи Урдун ба амал омад, ки Яҳё дар он ҷо мардумро таъмид медод.
29 Рӯзи дигар Яҳё ба наздаш омада истодани Исоро дида, гуфт: «Ана ин аст Барраи Худо, ки гуноҳи ҷаҳонро мебардорад!
30 Ман дар бораи Ӯ гуфта будам, ки аз паси ман касе меояд, ки аз ман бузургтар аст, зеро пеш аз ман вуҷуд дошт.
31 Худи ман Ӯро намешинохтам, вале барои ҳамин омада, бо об таъмид додам, ки Ӯ барои мардуми Исроил маълум гардад».
32 Баъд шаҳодат дода гуфт: «Ман дидам, ки Рӯҳи Муқаддас монанди кабӯтар аз осмон фаромада, бар Ӯ қарор гирифт.
33 Худи ман Ӯро намешинохтам, вале Худо, ки маро барои бо об таъмид додан фиристод, ба ман гуфта буд: „Бар касе бинӣ, ки Рӯҳ бар Ӯ фаромада қарор мегирад, бидон, ки Вай ҳамон касест, ки бо Рӯҳи Муқаддас таъмид медиҳад“.
34 Ман инро дидам ва шаҳодат медиҳам, ки Ӯ Писари Худост».
Юҳанно 1 in Хушхабар