Text copied!
Bibles in Tajik

Юҳанно 18:4-13 in Tajik

Help us?

Юҳанно 18:4-13 in Хушхабар

4 Исо медонист, ки бо Ӯ чӣ ҳодиса рӯй медиҳад, бинобар ин ба пеши онҳо баромада, пурсид: «Шумо киро ҷустуҷӯ мекунед?»
5 Онҳо ҷавоб доданд: «Исои Носириро». «Ин Манам», — ҷавоб дод Исо. Яҳудо, ки ба Исо хиёнат кард, низ ҳамроҳи онҳо буд.
6 Ҳамин ки Исо «Ин Манам» гуфт, онҳо ақибнокӣ рафта, ба замин афтоданд.
7 Исо боз аз онҳо пурсид: «Шумо киро ҷустуҷӯ мекунед?» «Исои Носириро», — гуфтанд онҳо.
8 «Ман ба шумо гуфтам, ки ин Ман ҳастам. Агар барои шумо Ман лозим бошам, пас монед, ки ин одамон раванд».
9 Ӯ барои он ин тавр гуфт, то суханони «Аз он касоне, ки Ту ба Ман бахшидӣ, касеро аз даст надодам» гуфтааш иҷро шаванд.
10 Шимъӯни Петрус, ки шамшер дошт, онро аз ғилоф кашида, ғуломи сарвари рӯҳониёнро заду гӯши рости ӯро бурида партофт. Он ғулом Малҳус ном дошт.
11 Исо ба Петрус гуфт, ки шамшерашро ба ғилофаш андозад. Инчунин илова кард: «Наход, ки аз косаи азобе, ки Падарам барои Ман додааст, нанӯшам?»
12 Он гоҳ дастаи аскарони румӣ бо фармондеҳи худ ва посбонони яҳудӣ Исоро дастгир карда бастанд.
13 Аввал Ӯро назди Ҳонон, падарарӯси Қаёфо бурданд, ки ҳамон сол сарвари рӯҳониён буд.
Юҳанно 18 in Хушхабар