Text copied!
Bibles in Tajik

Юҳанно 18:27-32 in Tajik

Help us?

Юҳанно 18:27-32 in Хушхабар

27 Петрус боз инкор кард. Ҳамон лаҳза хурӯс ҷеғ зад.
28 Пагоҳии барвақт Исоро аз назди Қаёфо ба қасри ҳокими румӣ бурданд. Онҳое, ки Ӯро оварданд, ба хотири он ки ҳаром нашаванду хӯроки иди Балогардонро хӯрда тавонанд, ба қаср надаромаданд.
29 Пас, Пилотус ба назди онҳо баромада, гуфт: «Айби ин одам дар чист?»
30 Онҳо ҷавоб доданд: «Агар Ӯ ҷинояткор намебуд, магар ба дасти шумо месупоридем?»
31 «Худатон Ӯро гирифта аз рӯи қонунатон ҳукм кунед», — гуфт ба онҳо Пилотус. «Ба мо раво нест, ки касеро ба қатл расонем», — ҷавоб доданд роҳбарони яҳудӣ.
32 (Ҳамаи ин барои он рӯй дод, то суханони Исо, ки дар бораи тарзи маргаш гуфта буд, иҷро шаванд).
Юҳанно 18 in Хушхабар