Text copied!
Bibles in Tajik

Юҳанно 15:18-22 in Tajik

Help us?

Юҳанно 15:18-22 in Хушхабар

18 «Агар ҷаҳон аз шумо нафрат кунад, донед, ки аввал аз Ман нафрат дошта буд.
19 Агар шумо аз ин ҷаҳон мебудед, ҷаҳон шуморо ҳамчун аз они худ дӯст медошт. Вале, аз сабаби он ки Ман шуморо аз ин ҷаҳон интихоб карда гирифтам ва шумо аз ин ҷаҳон нестед, ин ҷаҳон аз шумо нафрат дорад.
20 Дар хотир доред, ки Ман ба шумо чӣ гуфта будам: „Хизматгор аз хоҷаи худ бузургтар нест“. Пас, агар Маро барои азоб додан дунболагирӣ карда бошанд, шуморо низ дунболагирӣ мекунанд. Агар суханони Маро иҷро карда бошанд, суханони шуморо низ иҷро мекунанд.
21 Аммо мардум ҳамаи инро бо шумо аз барои Ман мекунанд, чунки фиристандаи Маро намешиносанд.
22 Агар Ман ба ҷаҳон намеомадам ва ба онҳо сухане намегуфтам, онҳо гуноҳе намедоштанд, вале акнун барои сафед кардани гуноҳи худ баҳона надоранд.
Юҳанно 15 in Хушхабар