Text copied!
CopyCompare
Хушхабар - Юҳанно - Юҳанно 15

Юҳанно 15:18-22

Help us?
Click on verse(s) to share them!
18«Агар ҷаҳон аз шумо нафрат кунад, донед, ки аввал аз Ман нафрат дошта буд.
19Агар шумо аз ин ҷаҳон мебудед, ҷаҳон шуморо ҳамчун аз они худ дӯст медошт. Вале, аз сабаби он ки Ман шуморо аз ин ҷаҳон интихоб карда гирифтам ва шумо аз ин ҷаҳон нестед, ин ҷаҳон аз шумо нафрат дорад.
20Дар хотир доред, ки Ман ба шумо чӣ гуфта будам: „Хизматгор аз хоҷаи худ бузургтар нест“. Пас, агар Маро барои азоб додан дунболагирӣ карда бошанд, шуморо низ дунболагирӣ мекунанд. Агар суханони Маро иҷро карда бошанд, суханони шуморо низ иҷро мекунанд.
21Аммо мардум ҳамаи инро бо шумо аз барои Ман мекунанд, чунки фиристандаи Маро намешиносанд.
22Агар Ман ба ҷаҳон намеомадам ва ба онҳо сухане намегуфтам, онҳо гуноҳе намедоштанд, вале акнун барои сафед кардани гуноҳи худ баҳона надоранд.

Read Юҳанно 15Юҳанно 15
Compare Юҳанно 15:18-22Юҳанно 15:18-22